Бино ба гузориши хабаргузории АБНО, рӯзномаи инглисии Гардиан дар гузорише ихтисосӣ ифшо кард, ки режими саҳюнистӣ даҳҳо фаластинии сокини Навори Ғаззаро дар зиндони зеризаминӣ бо номи Ракефет вобаста ба зиндони Айалон ҳабс кардааст. Ин асирони фаластинӣ аз нури хуршед ё иртибот бо ҷаҳони берун маҳрум ҳастанд.
Дар ин гузориш омадааст, ки ин асирони фаластинӣ ба гуфтаи ниҳодҳои ҳуқуқӣ дар шароити шиканҷаи тааммудӣ ба сар мебаранд. Ба унвони мисол дар миёни онҳо як парастор ва як фурӯшандаи маводи ғизоӣ, ки танҳо 18 сол дорад, ҳузур доранд; ғайринизомиёне, ки ҳеҷ иттиҳоме мутаваҷҷеҳи онҳо нест. Онҳо монанди дигар боздоштгоҳҳои режими саҳюнистӣ мавриди зарбу лат қарор мегиранд.
Дар идомаи ин гузориш таъкид шудааст, зиндони мазкур дар даҳаи ҳаштоди қарни гузашта барои нигаҳдорӣ аз аъзои бандҳои ҷинояткори саҳюнистӣ сохта шудааст. Ин зиндони бадном баста шуда буд, аммо ба дастури Итамар Бен-Ғвир, вазири амнияти дохилии режими саҳюнистӣ, баъд аз амалиёти Тӯфони Ақсо боз шуд. Бен-Ғвир борҳо ба сӯи рафтор бо асирони фаластинӣ ифтихор кардааст. Ин асирон дар маърази зарбу лат, ҳамлаҳои сагҳо қарор мегиранд ва аз дармон ва ғизои кофӣ маҳрум ҳастанд.
Your Comment