9 Ноябр 2025 - 10:57
Source: ABNA
Раисҷумҳури Колумбия: Трамп ва Рубио, шумо дурӯғгӯ ҳастед

Раисҷумҳури Колумбия раисҷумҳур ва вазири умури хориҷаи Амрикоро дурӯғгӯ хонд ва гуфт, ки онҳо дар ин ки мегӯянд қочоқчиёни маводи мухаддирро дар минтақаи Кариб мекушанд, дурӯғи маҳз аст.

Бино ба гузориши хабаргузории АБНО ба нақл аз шабакаи Ал-Маёдин, Густаво Петру, раисҷумҳури Колумбия дар як изҳори назари тунд алайҳи Доналд Трамп, раисҷумҳур, ва Марко Рубио, вазири умури хориҷаи Амрико (Н.д.Т: дар асл сенатор), онҳоро дурӯғгӯ хитоб кард ва гуфт: "Трамп ва Рубио, шумо ва дӯстонатон дурӯғ мегӯед, чаро ки касоне, ки шумо, онҳоро мекушед, қочоқчии маводи мухаддир нестанд."

Петру афзуд, ки дар дунёи имрӯз, демократия мурдааст ва ваҳшигарӣ дар ҳоли ҳоким шудан аст.

Ин изҳороти раисҷумҳури Колумбия ба дунболи афзоиши ҳамлаҳои Вошингтон дар Уқёнуси Ором ва иддаои онҳо мабнӣ бар ҳамла ба қаиқҳои ҳомили маводи мухаддир сурат мегирад.

Your Comment

You are replying to: .
captcha