Бино ба гузориши хабаргузории Абно ба нақл аз хабаргузории фаластинии Шаҳоб, Навӣ Пиллай, раиси собиқи Кумитаи таҳқиқи Созмони Милали Муттаҳид, ба рӯзномаи Гардиан гуфт, ки режими саҳюнистӣ бо як мушак 4000 ҷанинро дар як лаҳза дар Ғазза нобуд кард.
Бар асоси ин гузориш, дар миёни ҳазорон бомбе, ки бар Ғазза фуруд омад, як бомб фаромӯшнашуданӣ буд: саҳюнистҳо клиники нозоии (Ал-Басма)-ро дар декабри соли 2023 ҳадаф қарор дода ва дар як лаҳза 4000 ҷанини фаластиниро нобуд карданд.
Бар асоси эъломи ин манбаи Созмони Милал, ҳамлаи мазкур қасдона будааст то аз таваллуди навзодон дар миёни фаластиниёни Ғазза ҷилавгирӣ кунад.
Гардиан меафзояд, ки артиши ишғолгари саҳюнистӣ махзанҳои нитрогенро, ки ҷанинҳоро зинда нигоҳ медошт, ҳадаф қарор дод. Ин дар ҳоле буд, ки клиник дар биное ҷудо аз бемористони аслӣ қарор дошт.
Пиллай таъкид кард, ки ин ҳодиса танҳо мавриди ҷинояти режими саҳюнистӣ ва нақзи қавонини байналмилал нест, балки яке аз намунаҳои фаровони ҷиноятест, ки Кумитаи таҳқиқ анҷоми он дар Навори Ғаззаро ба исбот расонида ва ба ин натиҷа расидааст, ки Исроил дар Ғазза муртакиби наслкушӣ шудааст.
Бар асоси ин гузориш, Кумитаи таҳқиқи мазкур тахриби густарда тавассути бомбҳои исроилӣ алайҳи кӯдакони фаластинӣ ва ҳадаф қарор додани системаҳои беҳдоштӣ ва омӯзишии Ғаззаро ҳуҷҷатгузорӣ кардааст.
Your Comment