4 Ноябр 2025 - 20:22
Source: Parstoday
Эрониҳо чӣ хусӯсиёти ахлоқии доранд ?

Эрон , кишварӣ бо таъриху фарҳанги ғанӣ , яке аз мақосиди ҷаззоб барои гардишгаронаст .

Ҳангоме, ки ба Эрон сафар мекунед , на танҳо бо ҷозибаҳои табиӣ ва торихӣ ошно хоҳед шуд , балки бо мардуми он низ иртибот барқарор карда ва хусӯсиёти ахлоқии онҳоро мушоҳида хоҳед кард . Дар ин матлаб азПорс Тудей нигоҳӣ ба хусӯсиёти ахлоқии мардуми Эрон андохта шудааст .

1 . Меҳмон навозӣ

 Яке аз боризтарин хусӯсиёти ахлоқии мардуми Эрон , меҳмон навозӣ аст . Ба маҳзи инки вориди як хона эронӣ шавед , эҳсос мекунед ки ба хонаводае аз дӯстони самимӣ пайвастаед . Эрониён ба шиддат ба меҳмонони худ эҳтиром гузошта ва онҳоро бо чой , ширинӣ ва ғизоҳои хушмаза пазироӣ мекунанд . Ин вижагӣ боис мешавад ки бисёре аз гардишгарон ба роҳатӣ бо мардуми маҳаллӣ иртибот барқарор кунанду эҳсос роҳатӣ кунанд .

2 . Эҳтиром ба бузургтарҳо

Дар фарҳанги эронӣ , эҳтиром ба бузургтарҳо яке аз арқони аслии ахлоқ маҳсӯб мешавад . Ин эҳтиром на танҳо дар хонавода , балки дар сатҳи ҷомеъа низ мушоҳида мешавад . Мардуми Эрон ба бузургтарҳо на танҳо ба унвони волидайн ва ё падарбузургу модарбузург , балки ба унвони манбаи донишу таҷриба нигоҳ мекунанд . Ин вижагӣ метавонад нуқтаи мусбатӣ барои гардишгарон бошад ; зеро онҳо метавонанд аз таҷрибиёту достонҳои бузургтарҳо баҳраманд шаванд .

3 . Рӯҳияи ҳамкорӣ ва ҳамёрӣ

Эрониён ба вижагиҳои ҷамъӣ ва ҳамкорӣ бисёр аҳамият медиҳанд . Дар бисёре аз вақтҳо , шумо шоҳид хоҳед буд ки мардум ба якдигар кумак карда ва дар анҷоми корҳои иҷтимоӣ мушорикат мекунанд . Ин рӯҳияи ҳамкорӣ ва ҳамёрӣ , на танҳо дар зиндагии рӯзмарра , балки дар муносибатҳои мазҳабӣ ва  фарҳангӣ низ ба вузӯҳи қобил мушоҳидааст .

4 . Сабру шакибоӣ

Сабру шакибоӣ низ аз дигари хусусиёти мардуми Эрон ба шумор меравад . Эрониён маъмӯлан дар муқобили чолишҳоу мушкилот , сабр нишон медиҳанд ва ба дунболи роҳи ҳалҳои муносиб мегирданд . Ин вижагӣ метавонад дарсҳои кобрудии зиёдӣ барои афроде ки дар заминаи мудирияту раҳбарӣ фаъолият мекунанд , дошта бошад .

5 . Ишқ ба фарҳангу ҳунар

 Эрон сарзамини фарҳангҳо ва ҳунарҳои мутанаввиъ аст . Эрониён ба шеър , мусиқӣ , наққошӣ ва соири ашколи ҳунарӣ ишқ меварзанд . Гардишгарон метавонанд аз наздик бо ҳунарҳои мухталифи эронӣ ошно шаванд ва дар рӯйдодҳои фарҳангӣ ва ҳунарӣ ширкат кунанд . Ин алоқа ба ҳунар на танҳо дар зиндагии рӯзмарра балки дар равобити байни фардӣ низ машҳӯдаст .

6 . Хонавода меҳварӣ

Хонавода дар фарҳанги Эронӣ ҷузъи зарурӣ аз зиндагӣ аст . Эрониён ба хонавода арзиши зиёдӣ медиҳанду маъмӯлан дар канори якдигар зиндагӣ мекунанд . Ин вижагӣ боис мешавад ки гардишгарон ба умқи равобити инсонӣ ва иҷтимоӣ дар Эрон пай бибаранд ва аз фарҳанги амиқи хонаводагии онҳо баҳраманд шаванд .

7 . Эътиқодоти мазҳабӣ

Эрониён ба эътиқодоти мазҳабии худ эҳтиром мегузоранд ва ин эътиқодот нақши муҳиммӣ дар зиндагии рӯзмарраи онҳо ифо мекунад . Мувоҷиҳа бо ҷашнҳо , ойинҳо ва муносибатҳои мазҳабӣ метавонад таҷрибаи мусбат барои гардишгарон бошад , зеро онҳо метавонанд бо фарҳангу одобу русуми маҳаллӣ ошно шаванд .

8 . Сахткӯшӣ

Сахткӯшӣ аз дигари вижагиҳои мардум Эрон аст . Эрониён ба талош ва сахткӯшӣ дар кору зиндагӣ аҳамият медиҳанд ва ин вижагӣ сабаб шудааст ки муваффақиятҳои зиёдӣ дар арсаҳои мухталиф ба даст биоваранд . Ин рӯҳия метавонад илҳоми бахши афроде бошад ки ба дунбол расидан ба аҳдофи худ ҳастанд .

9 . Ҳаё ва иффат

Ҳаё ва иффат низ аз вижагиҳои боризи мардуми Эрон аст . Ин хасиса на танҳо дар равобити иҷтимоӣ балки дар наҳваи пӯшишу рафтори онҳо низ машҳӯдаст . Мардуми Эрон ба адабу эҳтиром дар бархӯрд бо якдигар бисёр аҳамият медиҳанд ва ин фарҳанге, аст ки аз наслҳои гузашта мунтақил шудааст .

10 . Мунъатиф бӯдан

Вижагии мунъатиф бӯдан низ дар мардуми Эрон ба хубӣ мушоҳида мешавад . Онҳо тавоноии инро доранд ки бо шароити мухталифи созгорӣ пайдо кунанд ва дар мувоҷиҳа бо чолишҳо ба роҳати роҳи ҳалҳоӣ барои мушкилот пайдо кунанд . Ин қудрати инъитоф пазирӣ метавонад ба гардишгарон кумак кунад то дар муқеъиятҳои мутафовити беҳтар амал кунанд .

Your Comment

You are replying to: .
captcha