4 Ноябр 2025 - 20:35
Source: Parstoday
Воло: Исроил аз дарун дар ҳоли фурӯпошӣ аст / Рекорди тозаи норозигӣ аз Трамп, 63 дарсад мухолиф

Натоиҷи як назарсанҷии ҷаддид нишон медиҳад мизони норозигӣ аз амалкарди «Доналд Трамп» раиси ҷумҳӯри Амрико ба 63 дарсад расида؛ Рақами бесобиқае, ки ҳамзамон бо нигаронии густардаи мардуми ин кишвар аз вазъияти иқтисодӣ ва сиёсати хориҷаи давлати ӯ сабт шудааст.

Назарсанҷии ҷадиди шабакаи CNN ки натоиҷи он рӯзи душанбе мунташир шуд, нишон дода, ки 63 дарсад шаҳрвандони Амрико аз амалкарди  «Доналд Трамп» ба унвони раиси ҷумҳур ибрози норизоятӣ кардаанд؛ Рақаме, ки болтарин мизон дар ҳар як давраи ғайри мутаволии раёсати ҷумҳӯрӣ маҳсуб мешаванд. Ба гузориши Порс Тудей, натоиҷи ин назарсанҷӣ ҳоки аст, ки аксарияти мардуми Амрико вазъияти иқтисодии ин кишварро номатлуб дониста ва сиёсатҳои Трамп дар ҳавзаи иқтисод, сиёсати хориҷӣ ва муҳоҷиратро омили ташдиди мушкилот муаррифӣ кардаанд.

 Воло : Исроил аз дарун дар ҳоли фурӯпошӣ аст

 Бинобари гузориши пойгоҳи хабарии саҳюнистии Воло , аз додситонии Исроил то бахши расонаҳо ва масаълаи Ҳестдрут ( иттиҳодияи сандикоҳои коргарии Исроил ) ҳамаги дучори буҳрон ҳастанд то нишон диҳанд ки Исроил аз дарун дар ҳоли фурӯпошии созмонӣ аст ва  ваҳшигарӣ , касофату нафрати кӯр бар фазои умумӣ ҳукӯмат мекунад . « Лиот Рун » нависандаи ин пойгоҳи хабарӣ дар гузорише, тасреҳ кард ки саҳюнистҳо хаста , шикананда ва аз пой афтода шудаанд ва ин масаъла акнӯн ба гӯши душманони Исроили ҳам расидааст .

Маскав ва Пекан ; Аз тақвияти ҳамкории роҳбурдӣ то коҳиши саҳми доллар дар мубодилоти дуҷониба

« Ли Чиёнг » нахуствазири чинӣ рӯзи душанбе дар дидор бо « Михаил  Мишустин » ҳамтои рӯси худ , омодагии кишварашро барои ҳамкорӣ бо Русия дар хусӯси таъмиқи ҳамкориҳо дар ҳамаи заминаҳо ба манзури ҳифозат аз манофеи муштарак дар бастари тавсеа ва амният эълом кард . Нахуствазири Русия низ дар ин дидор гуфт : Равобити байни Русия ва Чин ба болотарин сатҳи худ дар кули таърихи дӯстии чанд сад солаи ду кишвар иртиқо ёфтааст . « Мишустин » бо баёни инки чинӣ бузургтарин шарики тиҷории хориҷии Русия аст , ёдовар шуд : Саҳми доллару евра дар муомилоти тиҷории миёни Маскав ва Пекан то ҳаддӣ коҳиш ёфтааст .

Нахуствазири Сӯдон : Эъзоми неруҳои байналмилалӣ ба кишвари мо натоиҷи бар  акс хоҳад дошт

 Нахусти вазири Сӯдон бо ишора ба зарурати муаррифии « неруҳои пуштибонии сариъ » ба унвони созмони террористӣ , таъкид кард ки эъзоми неруҳои байналмилалӣ ба Сӯдон авзоъро муташанниҷ мекунад .  Нахусти вазири Сӯдон дар пайи вуқуъи ҷиноятҳоӣ дар шаҳри Фошр дар шимоли Дорфур , тасреҳ кард ки ҷомеъаи ҷаҳонӣ иқдоми зиёдӣ анҷом намедиҳад .

Асбоби бозиҳои бомбгузорӣ шудаи тавассути Исроил барои кӯдак кӯшӣ дар Ғазза

Вазорати беҳдошти Фаластин дар Ғазза , аз иқдоми режими саҳюнистии мабнӣ бар бомбгузорӣ дар асбоби бозиҳо барои куштани кӯдакони фаластинӣ хабар дод . « Мунир Албарш » , мудирикули Вазорати беҳдошти Фаластин дар Ғазза эълом кард ки артиши ишғолгари саҳюнистӣ аз асбоби бозиҳои бомбгузорӣ шуда барои фиреби кӯдакон истифода мекунад ва ин асбоби бозиҳоро дар манотиқи мухталифи Ғазза раҳо кардааст .

Сардор Покпур : Сатҳи омодагии Сипоҳи посдорон нисбат ба ҷанги 12 рӯза ба маротиб болотараст

 Фармондеҳи кули Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар нишаст муштарак бо аъзои камиссиюни амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси шӯрои исломии Эрон таъкид кард : Имрӯзи сатҳи омодагии Сипоҳи посдорони нисбат ба даврони ҷанги 12 рӯза ба маротиб болотараст ва ин ниҳод дар авҷи иқтидору омодагӣ қарор дорад .

Ройзании Беларӯс ва Эрон дарбораи ҳамкорӣ дар ҳавзаи падофанди ҳавоӣ

Вазорати дифои Беларӯс эълом кард ки ҳайатии низомӣ аз неруӣ ҳавоии Эрон дар Минск ҳузур дорад ва тарафайн дар ҳоли баррасии ҳамкориҳо дар ҳавзаи падофанди ҳавоӣ ҳастанд . Бинобарин эъломи сервиси матбӯотии Вазорати дифои Беларӯс , як ҳайати низомӣ аз неруйи ҳавоии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳоли боздид аз Минск аст ва то 5 ноябр ( 14 обони моҳ ) дар ин кишвар иқомат хоҳад дошт .

Your Comment

You are replying to: .
captcha