26 Июл 2026 - 20:46
Source: ABNA
Таркиши киштии нафткаш дар Тангаи Ҳурмуз

Як киштии нафткаши мутахассиф дар Тангаи Ҳурмуз, ки системаи радиории худро хомӯш карда буд, пас аз бархӯрд ба мина таркид.

Ба иттилои хабаргузории «Абна», мувофиқи маълумоти гирифташуда, чанд соат пеш як киштии нафткаши мутахассиф дар Тангаи Ҳурмуз, ки аз масири муайянкардаи Ҷумҳурии Исломии Эрон берун рафта буд, дар натиҷаи бархӯрд ба минаи баҳрӣ таркид.

Ин ҳодиса дар ҳоле рух дод, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон пеш аз ин борҳо ҳушдор дода буд, ки берун рафтани киштиҳо аз масири эълоншуда барои онҳо оқибат ва масъулиятҳоро ба бор хоҳад овард.

Тафтишоти аввалин нишон медиҳад, ки ин киштии нафткаш, сарфи назар аз ҳушдорҳои қаблӣ, аз роҳравы муайянкардаи Эрон каҷ шуда ва дар манотиқе берун аз роҳи бехатари баҳрӣ қарор гирифта буд.

Ин рӯйдод дар шароите рух дод, ки дар рӯзҳои охир Тангаи Ҳурмуз шоҳиди афзоиши ҳаракатҳои флотҳои хориҷӣ ва баъзе киштиҳои мутахассиф буда, ва Ҷумҳурии Исломии Эрон бар ҳуқуқи ҳокимиятии худ дар ин гузаргоҳи стратегӣ таъкид кардааст.

Your Comment

You are replying to: .
captcha