Ба иттилои хабаргузории «Абна» бо иқтибос аз «Ал-Масира», Абдуллоҳ аш-Шариф, муовини раиси Кумитаи олии корҳои доруии Яман, таъкид кард: ба сабаби таҷовузҳои Арабистони Саудӣ ва муҳосираи Яман мо дар кишвар бо камбуди беш аз 1600 намуди доруворӣ рӯ ба рӯ ҳастем.
Вай илова кард: беш аз 83 ширкати дорусозӣ, ки дар соҳаи таъмини 1300 намуди дору дар Яман фаъолият мекарданд, дар шароити хеле бад қарор доранд. Дар ҷараёни ҳамлаҳои саудӣ-амрикоӣ ба Яман, 2 корхонаи истеҳсоли дору зарар диданд.
Аш-Шариф изҳор дошт, ки ин таҷовузҳо роҳи воридоти дору ба Яманро халалдор кардаанд. Нархи хариди дору низ ба сабаби муҳосираи Яман аз ҷониби Арабистони Саудӣ ва бастани фурудгоҳи Санъо ба таври назаррас афзоиш ёфтааст. Беш аз 170 ҳазор беморе, ки бо бемориҳои дармонопазир ва саратонӣ дасту панҷа месозанд, аз ин вазъият зарар дидаанд.
Your Comment