Ба гузориши хабаргузории Абно ба нақл аз хабаргузории «Йонхап»-и Кореяи Ҷанубӣ, Кореяи Шимолӣ рӯзи шанбе, идеяи халъи силоҳи ҳастаӣ дар нимҷазираи Кореяро «хаёли ботил» ва «рӯёи дастнаёфтанӣ» донист.
Ин изҳорот соатҳо пеш аз он сурат мегирад, ки давлати Кореяи Ҷанубӣ эълом карда, ки «Лӣ Ҷаэ Мёнг», раисҷумҳури ин кишвар қарор аст дар дидор бо «Ши Ҷинпинг», раисҷумҳури Чин, дар бораи ин мавзӯъ гуфтугӯ кунад.
Йонхап гузориш дод, ки дидори сарони ду кишвар қарор аст имрӯз (шанбе) дар ҳошияи нишасти ҳамкориҳои иқтисодии Осиё–Уқёнуси Ором (APEC) дар шаҳри «Гёнҷу» дар ҷанубу шарқи Кореяи Ҷанубӣ баргузор шавад.
Дафтари раёсатҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ низ эълом кардааст, ки мавзӯи халъи силоҳи ҳастаии нимҷазираи Корея яке аз меҳварҳои аслии гуфтугӯ миёни ду раисҷумҳурӣ хоҳад буд.
Пештар хабаргузории Ройтерз ба нақл аз Вазорати умури хориҷаи Амрико эълом карда буд, ки сиёсати Вошингтон дар қиболи Кореяи Шимолӣ ҳамчунон бар халъи силоҳи ҳастаии Пхенян мутамарказ аст.
Your Comment