Ба гузориши хабаргузории Абно ба нақл аз хабаргузории Би-Би-Си, ронандае дар ҷазираи тафреҳии «Ил-д’Улерон» (Île d'Oléron) дар ғарби Фаронса бо худрави худ ба одамони пиёда ва дучархасаворон кӯбид ва 10 нафарро захмӣ кард.
Бар асоси эъломи ин хабаргузорӣ, вазъи ҷисмии 4 нафар аз ин афрод вахим гузориш шудааст.
Мақомот эълом карданд, ки як марди тақрибан сӣ-сола қасдан бо худрав ба мардум ҳамла карда ва пас аз беҳаракат шуданаш бо шокер аз сӯи пулис боздошт шудааст.
Арно Лариз, додситони кулли Ларошел гуфт, ки гумонбаршуда барои пулис шинохта шуда буд.
Ин марди 35-сола ба гумони иқдом ба қатл тавассути пулис дар Сен-Пер-д’Улерон боздошт шудааст, бо ин ҳол мақомоти зиддитерроризми Фаронса масъулияти ин парвандаро бар уҳда нагирифтаанд.
Your Comment