30 Октябр 2025 - 00:08
Source: ABNA
Чаро Эрон таҳримҳои якҷонибаи Амрикоро иқдоме ғайриқонунӣ ва бар хилофи қавонини байналмилал медонад?

Амирсаъиди Ереванӣ, намояндаи доими Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид таъкид кард: Таҳримҳои якҷонибаи Амрико назми ҷаҳониро бесубот месозанд ва рӯҳи асили Маншури милали муттаҳидро тазъиф мекунанд.

Намояндаи доими Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид, гуфт: Тардиде нест, ки таҳримҳои якҷониба ба унвони иқдомоте ғайриқонӯнӣ, ки реша дар нахват ва якҷонибагароӣ доранд, чандҷонибагароиро ба хатар меандозанд, назми ҷаҳониро бесубот месозанду рӯҳи асили Маншури милали муттаҳидро тазъиф мекунанд. Намояндаи доими Ҷумҳурии Исломии Эрон дар СММ афзуд: Таҳриму муҳосираи Кубо бояд фавран ва бидуни ҳеҷ қайду шарте лағв шавад.

Ереванӣ дар нишасти Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид тасреҳ кард: Тадовуми таҳримҳо ва муҳосираи якҷониба ва ғайриинсонӣ алайҳи Кубо, ки беш аз шастсол аст ба баҳонаи тарвиҷи демократия эъмол мешавад, намунае ошкор аз иқдомоти қаҳромези якҷониба алайҳи кишваре мустақилу дороӣ ҳокимият аст, ки ба сӯрати низомманд ҳуқуқу рифоҳи мардуми Куборо тазъиф кардааст.

Таҳримҳои якҷониба, ки Амрико бо ҳимояти давлатҳои ғарбӣ алайҳи кишварҳои мустақил эъмол мекунанд, аз манзари Ҷумҳурии Исломии Эрон на танҳо иқдоме қаҳромезу сиёсӣ, балки нақзи ошкори усӯли бунёдини ҳуқуқи байналмилалу Маншури милали муттаҳид башумор мераванд. Ин таҳримҳо, ки бидуни муҷаввизи Шӯрои амнияти Созмони милал ва хориҷ аз чорчӯбҳои қонӯнии байналмилалӣ эъмол мешаванд, ба унвони абзоре барои эъмоли фишори сиёсӣ ва иқтисодӣ, осори мухаррибе бар рифоҳи умумӣ, тавсеаи миллӣ ва ҳуқуқи башар дар кишварҳои ҳадаф доранд.

Таҳримҳои якҷониба фоқиди пуштвонаи ҳуқуқии муътабар дар низоми байналмилал ҳастанд. Бар асоси Маншури милали муттаҳид, танҳо таҳримҳое, ки Шӯрои амният ва дар чорчуби фасли ҳафтуми маншур эъмол шаванд, машрӯъият доранд. Иқдомоти якҷонибаи Амрико, бо убӯр аз ин созукори қонунӣ, ба унвони таҷовуз ба салоҳияти миллии кишварҳо ва нақзи асли адами мудохила дар умури дохилӣ, талаққӣ мешаванд.

Таҳримҳои якҷониба ҳамчунин бо усӯли бунёдини Маншури милали муттаҳид, аз ҷумла асли баробарии ҳокимияти кишварҳо, асли манъи тавассул ба зӯр ва асли эҳтиром ба истиқлоли сиёсии кишварҳо, дар тазод ҳастанд. Истифода аз абзори иқтисодӣ барои таҳмили иродаи сиёсӣ, мисдоқе аз эъмоли зӯри ғайримустақим аст, ки метавонад ба бесуботӣ дар равобити байналмилал мунҷар шавад.

Таҳримҳои якҷониба, бавижа дар ҳавзаҳои дору, ғизо ва беҳдошт, мустақиман зиндагии мардуми одиро ҳадаф қарор медиҳанд. Ин иқдомот, бархилофи иддаои тарвиҷи демократия, мунҷар ба нақзи ҳуқуқи бунёдини башар монанди ҳаққи саломат, ҳаққи зиндагӣ ва ҳаққи тавсеа мешаванд. Гузоришҳои ниҳодҳои ҳуқуқи башарӣ низ таъийд кардаанд, ки таҳримҳо на сирфан бар давлатҳо, балки осори манфии мустақим бар мардуми кишвари ҳадаф доранд.

Таҳримҳои якҷониба, чандҷонибагароиро тазъиф карда ва назми байналмилалиро бесубот месозад. Ин иқдомот боиси эҷоди ихтилоф миёни кишварҳо, беэътимодӣ ба ниҳодҳои байналмилалӣ ва тазъифи ҳамкориҳои ҷаҳонӣ дар ҳавзаҳои иқтисодӣ, беҳдоштӣ ва зистмуҳитӣ мешаванд.

Ҷумҳурии Исломии Эрон бар ин бовар аст, ки танҳо аз тариқи ҳамкорӣ ва ҳамафзоии кишварҳои мустақил метавон дар баробари сиёсатҳои таҳримии якҷониба истодагӣ кард. Эҷоди созу корҳои молии мустақил, тақвияти тиҷорати дуҷониба ва пайгирии ҳуқуқӣ дар маҷомеъи байналмилалӣ, аз ҷумлаи роҳкорҳои пешниҳодии Эрон барои муқобила бо иқдомоти буҳронофарини Амрико ва Ғарб аст.

Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳримҳои якҷонибаи Амрикоро фоқиди машрӯъияти байналмилалӣ ва мутазод бо усӯли бунёдини Маншури милали муттаҳид, ҳуқуқи башару қавоиди ҳуқуқи байналмилал медонад. Ин таҳримҳо ба ҷои ҳадаф қарор додани давлатҳо, зиндагии мардуми одиро таҳти таъсир қарор дода ва ба унвони абзоре барои эъмоли фишори сиёсӣ, назми ҷаҳониро бесубот месозанд.

Эрон бо таъкид бар зарурати муқобилаи ҷамъии кишварҳои мустақил бо ин рӯйкард, хостори эҷоди созукорҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва дипломатӣ барои хунсосозии осори таҳримҳои якҷониба ва ҳифзи истиқлолу ҳокимияти миллии кишварҳост. Танҳо аз тариқи ҳамбастагӣ ва чандҷонибагароӣ метавон дар баробари сиёсатҳои таҳримии ғайриқонунӣ, истодагӣ кард ва масири тавсеаи одилона ва пойдорро ҳамвор сохт.

Your Comment

You are replying to: .
captcha