23 Октябр 2025 - 13:14
Source: ABNA
Амрико ва Англия ду ширкати бузурги нафтии Русияро таҳрим карданд

Амрико ва Англия аз таҳрими ду ширкати бузурги нафтии русӣ хабар доданд.

Ба гузориши Хабаргузории Абна ба нақл аз шабакаи Ал-Маёдин, Вазорати хазинадории Амрико эълом кард, ки ширкатҳои нафтии «Роснефт» ва «Лукойл»-и Русияро дар феҳристи таҳримҳо қарор додааст.

Дақиқаҳое пеш буд, ки «Скотт Бессент» вазири хазинадории Амрико эълом кард: Кохи Сафед имрӯз ё фардо (панҷшанбе), таҳримҳои ҷадид алайҳи Русияро эълом хоҳад кард.

Вай гуфт: "Таҳримҳои бузург ва пурқудрате алайҳи Русия эълом хоҳад шуд."

Бессент афзуд: "Трамп аз вазъияти музокироти поёни ҷанги Укроин эҳсоси ноумедӣ мекунад."

Сарвазири Англия: Лондон ду ширкати бузурги нафтии Русияро таҳрим кардааст

«Кир Стармер» нахуствазири Англия низ эълом кард, ки Лондон таҳримҳоеро алайҳи ду ширкати бузурги нафтии Русия, ки ба иддаои вай «мошини ҷангии Владимир Путин раиси ҷумҳури Русияро таъмини молӣ мекунанд» эъмол кардааст.

Вай ҳамчунин аз ҳамроҳии Иёлоти Муттаҳида дар вазъи таҳримҳои густурда алайҳи ин ду ширкати русӣ ибрози хурсандӣ кард.

Нахуствазири Англия иддао кард: "Путин бояд баҳои таҷовузи ғайриқонунии худро бипардозад ва кушторҳо [дар Укроин] бояд фавран мутаваққиф шавад."

Ин иқдоми Англия ва Амрико баёнгари сиёсати дугонаи Ғарб дар бархӯрд бо мавзӯи ҷанги Укроин ва наслкашӣ дар Ғазза аст, ба наҳве ки Лондон ва Вашингтон барои таваққуфи ҷанг дар Ғазза бархилофи Укроин аз ҳар гуна иқдоме барои таваққуфи мошини ҷангии режими саҳюнистӣ худдорӣ карданд.

Your Comment

You are replying to: .
captcha