Ба гузориши хабаргузории Абно, шабакаи телевизионии Си-эн-эн ҳоло дар хусуси марҳилаи нахусти тавофуқи қатъи ҷанг дар Ғазза гузориш дод: "Он чи дар мавриди чигунагии раванди эҳтимолии рӯзҳои оянда медонем, ин аст: як мақоми Кохи Сафед гуфт, ки кабинеи (режими) Исроил имрӯз панҷшанбе дар мавриди тарҳи сулҳ (қатъи ҷанг) райъгирӣ хоҳад кард. Агар Исроил (режим) мувофиқат кунад, 24 соат фурсат хоҳад дошт то нерӯҳои худро (аз Ғазза) хориҷ кунад. Ин амр оғози як фосилаи 72-соата хоҳад буд, ки тайи он Ҳамос мумкин аст асирони боқимондаро озод кунад."
Ба гузориши Си-эн-эн, ин мақоми Кохи Сафед гуфт, ки Иёлоти муттаҳида интизор дорад озодии 20 асир аз рӯзи душанбе оғоз шавад, агарчи Ҳамос мумкин аст зудтар барои озодии онҳо иқдом кунад. Трамп гуфт, ки асирон «эҳтимолан рӯзи душанбе озод хоҳанд шуд».
Аз сӯи дигар, раисҷумҳури Амрико дар мусоҳиба бо шабакаи Фокс Нюз гуфт, ки асирон дар Ғазза эҳтимолан рӯзи душанбе озод хоҳанд шуд. Ин хабар пас аз он мунташир шуд, ки пеш аз ин, тавофуқе байни ишғолгарони саҳюнист ва Ҳамос бар сари марҳалаи аввали оташбас расонаӣ шуд.
Ин дар ҳолест, ки коршиносон бо таваҷҷӯҳ ба собиқаи сиёҳи режими саҳюнистӣ, аз ҳоло дар хусуси бадъаҳдии ин режим дар амал ба тааҳҳудоташ ҳушдор медиҳанд.
Доналд Трамп, дар ин мусоҳиба бо ишора ба таҷовузи чанд моҳ пеши ин кишвар ва ишғолгарони саҳюнист алайҳи Эрон бар хилофи конвенсиюни байналмилалӣ, иддао кард, ки Теҳрон «ҳудуди як моҳ шояд ду моҳ бо доштани силоҳи ҳастаӣ фосила дорад ва агар ман иҷоза медодам ин иттифоқ бияфтад, ин тавофуқ мумкин намешуд»!
Your Comment