Ба гузориши хабаргузории Абно, шабакаи телевизионии Си-эн-эн ба нақл аз Би-би-сӣ имрӯз панҷшанбе дар гузорише иддао кард, ки ба бахшҳое аз тавофуқи қатъи ҷанги ишғолгарони саҳюнист алайҳи мардуми мазлуми Ғазза даст ёфтааст.
Ба иддаои ин расона, агарчи ҳанӯз ҷузъиёти комили тавофуқи оташбас дар марҳилаи аввал расман фош нашудааст; аммо он чи то кунун медонем, ин аст: як манбаи фаластинӣ ба Би-би-сӣ хабар дод, ки ин тавофуқ тасриҳ мекунад, ки 250 зиндонии фаластинӣ ва 1700 нафар аз аҳолии Ғазза, ки аз замони шурӯи ҷанг тавассути нерӯҳои (ишғолгар) Исроил боздошт шудаанд, озод хоҳанд шуд. Ин манбаъ гуфт, ки Ҳамос то кунун феҳристе аз зиндониёни фаластинӣ, ки Исроил (режими кӯдаккуш) қасди озод кардани онҳоро дорад, дарёфт накардааст, аммо интизор меравад, ки ин мавзӯъ дар зарфи чанд соат ҳал шавад.
Ба иддаои Би-би-сӣ ва бидуни ишора ба пешинаи режими саҳюнистӣ дар адами иҷрои тааҳҳудоташ, як мақоми аршади фаластинӣ ҳамчунин ба ин расона хабар дод, ки тибқи ин тавофуқ, Исроил (режими ишғолгар) иҷозаи вуруди рӯзонаи 400 мошини боркаши кумак ба Ғаззаро медиҳад ва ин теъдод ба тадриҷ дар марҳилаҳои баъдӣ афзоиш хоҳад ёфт! Ба гуфтаи як мақоми Кохи Сафед, Ҳамос дар тӯли марҳилаи аввали тавофуқ 20 асири зиндаи назди худро озод хоҳад кард.
Ҳамос пештар дар баёнияе бо таъйиди тавофуқи қатъи ҷанги саҳюнистҳо алайҳи мардуми мазлум дар Ғазза, аз Трамп, кишварҳои миёнҷӣ ва тарафҳои арабӣ ва исломӣ хост то ишғолгарони саҳюнистӣ-ро ба иҷрои комили тавофуқ мулзам кунад.
Your Comment