Ба гузориши хабаргузории Абно, шабакаи «Эй-би-сӣ» имрӯз панҷшанбе дар гузорише ба нақл аз мақомҳои огоҳ эълом кард, ки дасти кам 2 бахши калидӣ аз тавофуқи қатъи ҷанг дар Ғазза ҳанӯз мавриди мувофиқати тарафайн қарор гирифтааст: ин ки низомиёни ишғолгари саҳюнист нерӯҳои худро ба «хатти тавофуқшуда» ақиб бикашанд то баст(замина)и лозим барои озодии асирон омода шавад, ва дувум ин ки ҳамаи асирон дар зарфи 72 соат озод хоҳанд шуд.
Шабакаи «Эй-би-сӣ» ба нақл аз мақомҳои огоҳ дар ин хусус изофа кард: "Аммо вазъияти соири нукоти ин тарҳ монанди илзоми Ҳамос ба халъи силоҳ ва вогузории ҳукумати Ғазза ба як ниҳоди муваққати интиқолӣ бо мудирияти хориҷӣ ва низ илзоми Исроил ба хуруҷи комили артиши худ аз Навори Ғазза ҳанӯз мушаххас нест ва қарор аст дар марҳилаҳои баъдии музокирот дар мавриди он гуфтугӯ шавад."
Your Comment