9 Октябр 2025 - 12:58
Source: ABNA
Ҷунбиши Ҷиҳоди Исломӣ: Оташбаси Ғазза бо даловарӣ (шуҷоати) размандагони муқовимат муҳаққақ шуд

Ҷунбиши Ҷиҳоди Исломӣ таъкид кард, ки расидан ба тавофуқ, туҳфае аз сӯи касе набуд; балки бо даловарии размандагони муқовимат муҳаққақ шуд, ки мавқеияти онҳоро дар мизи музокирот тақвият кард.

Ба гузориши хабаргузории Абно ба нақл аз хабаргузории Шаҳоб, Ҷунбиши Ҷиҳоди Исломии Фаластин бо судури баёнияе дар вокуниш ба тавофуқи оташбаси ба даст омада дар Ғазза тасриҳ кард, ки он чи аз тавофуқ бар сари оташбас ва табодули асирон бо душмани саҳюнистӣ ҳосил шуд, туҳфае аз сӯи касе набуд.

Ин баёния меафзояд: "Бо вуҷуди инки талошҳои арабӣ ва байналмилалиро инкор намекунем, аммо бар ҳаҷми фидокориҳои азими миллати Фаластин ва шуҷоат ва даловарии размандагонаш дар майдон таъкид мекунем, ки бо нерӯҳои душман муқобила карда ва шуҷоате бесобиқа дар набард аз худ нишон доданд; ва агар ин набуд, муқовимат қодир ба истодан ба унвони як рақиби пурқудрат бар сари мизи музокирот набуд."

Ҷиҳоди Исломии Фаластин тасриҳ кард, ки миллати Фаластин дар ин лаҳзаҳои таърихӣ, шаҳидони бузурги худро фаромӯш нахоҳад кард, ки нақши муҳимме дар пойдории муқовимат ва расидан ба ин марҳилаи муҳим доштанд ва тавонистанд душманро маҷбур ба таваққуфи таҷовузоти худ кунанд.

Your Comment

You are replying to: .
captcha