28 Сентябр 2025 - 13:23
Source: ABNA
Вокуниши Кореяи Ҷанубӣ ба бозгашти таҳримҳои ғайриқонунӣ алайҳи Эрон

Вазорати корҳои хориҷии Кореяи Ҷанубӣ ба бозгашти таҳримҳои ғайриқонунии Созмони Милали Муттаҳид алайҳи Эрон вокуниш нишон дод.

Бино ба гузориши хабаргузории Абно ба нақл аз Русияи Аляум, Вазорати корҳои хориҷии Кореяи Ҷанубӣ эълом кард, ки пешбинӣ мешавад бозгашти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид алайҳи Эрон таъсири маҳдуде бар Сеул дошта бошад.

Ин вазоратхона таъкид кард, ки Кореяи Ҷанубӣ ба унвони узви масъул дар ҷомеаи байналмилалӣ ба мушорикат дар талошҳои суратгирифта дар ростои ҳалли мусолиматомези парвандаи ҳастаии Эрон ва тақвияти сулҳу субот дар минтақа идома медиҳад.

Вазорати корҳои хориҷии Кореяи Ҷанубӣ бар талошҳои ҳукумати ин кишвар дар ростои коҳиши мушкилоте, ки мумкин аст барои ширкатҳои кореягӣ пеш ояд, таъкид кард.

Лозим ба зикр аст, ки қаблан, Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид таҳти фишори Амрико, тарҳи қатъномаи Русия ва Чинро, ки бо ҳадафи тамдиди Қатъномаи 2231 (ки дар ҳимоят аз тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон тасвиб шуда буд) ироа гардида буд, рад кард.

Пеш аз ин, Инглистон, Олмон ва Фаронса бо муттаҳам кардани Ҷумҳурии Исломии Эрон ба нақзи тавофуқи ҳастаии соли 2015 (Барҷом) ва баёни иддаоҳои беасос, бидуни ишора ба хуруҷи якҷонибаи Амрико аз ин тавофуқ дар соли 2018 ва ҳамчунин нақзҳои тарафҳои аврупоӣ, ҳамроста бо корзори "фишори ҳадди аксар"-и Амрико алайҳи Теҳрон, раванди 30-рӯзаи фаъолсозии механизми "Маша" (Snapback)-ро оғоз карданд.

Your Comment

You are replying to: .
captcha