27 Сентябр 2025 - 12:11
Source: ABNA
Ароқчӣ: Эрон ҳаргиз дар мавриди истиқлолият, ҳуқуқ ва амнияти худ созиш нахоҳад кард

Вазири хориҷаи Эрон дар ёддоште, зимни маҳкумияти иқдоми се кишвари аврупоӣ дар ростои фаъолсозии "снапбек", таъкид кард, ки Эрон ҳаргиз дар мавриди истиқлолият, ҳуқуқ ва амнияти худ созиш нахоҳад кард.

Ба гузориши Хабаргузории байналмилалии Аҳлибайт (а) – Абно – Сайид Аббос Ароқчӣ, Вазири умури хориҷаи Эрон «дар маҳкумияти иқдоми се кишвари аврупоӣ дар ростои фаъолсозии снапбек» дар рӯзномаи «Ҷакарта пост»-и Индонезия навишт: Иқдоми Тройкаи аврупоӣ (Британия, Фаронса ва Олмон) дар ростои фаъолсозии сохтори бозгашти худкори таҳримҳо (snapback) ба обрӯ ва эътибори байналмилалии Аврупо осебҳои ҷуброннопазир ворид хоҳад овард; сохторе, ки дар ростои муҷозоти иҷро накардани тааҳҳудоти муҳими зери созишномаи ҳастаии соли 2015, ки миёни Эрон, се кишвари аврупоӣ, Амрико, Чин ва Русия имзо шуда буд, тарроҳӣ шудааст.

Бар асоси баёнияи мунташиршуда дар канали телеграмии Вазири хориҷаи Эрон, Ароқчӣ афзуд: Ҳамон тавре ки дар номаи муштараки се кишвари Эрон, Чин ва Русия низ бар он таъкид шудааст, иқдоми се кишвари аврупоӣ дар заминаи фаъолсозии сохтори снапбек аз мабнои ҳуқуқӣ ва қонунӣ бархӯрдор набуда ва аз назари сиёсӣ низ мухриб талққӣ мешавад. Кишварҳое, ки ба тааҳҳудоти худ амал намекунанд, ҳақ надоранд аз имтиёзоти тавофуқе баҳраманд шаванд, ки худашон онро тазъиф карданд. Ҳеҷ иқдоме наметавонад пайомади рухдодҳоеро, ки мунҷар ба андешидани иқдомоти қонунии ҷубронӣ аз сӯи Эрон зери тавофуқи ҳастаӣ шуд, нодида бигирад.

Вай изҳор дошт: Ин Амрико буд, ки дар соли 2018 тариқи таваққуфи якҷонибаи мушорикати худ дар Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ), Қатъномаи 2231-ро нақз кард, на Эрон; иқдоми мухрибе, ки бо амал накардани Тройкаи аврупоӣ ба тааҳҳудоти худ зери БАРҶОМ ва ҳамроҳӣ бо таҳримҳои ғайриқонунии Амрико комил шуд. Ҳоло ин се кишвар бо иддаои радди музокирот аз сӯи Эрон хостори бозгашти таҳримҳои Созмони Милал шудаанд; кишварҳое, ки зимни ҳимоят аз ҳамлаҳои низомии ғайриқонунии Амрико дар июни соли 2025 ба таъсисоти ҳастаии сулҳомези Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки таҳти ҳимояти қонунҳои байналмилалӣ қарор доранд, нақши худ дар тасҳили зиёдахоҳиҳои Вошингтонро беш аз пеш барҷаста кардаанд; ҳамлаҳое, ки дар остонаи даври шашуми музокироти ғайримустақими Эрон ва Амрико сурат пазируфт.

Тройкаи аврупоӣ пирӯзи майдон нахоҳанд буд Вазири хориҷаи Эрон идома дод: Тройкаи аврупоӣ бо оғози ин бозӣ паёмадҳои манфии фаровонеро мутаваҷҷеҳи эътибор ва ҷойгоҳи байналмилалии Аврупо кардааст. Дар ин бозӣ се кишвари аврупоӣ на танҳо пирӯзи майдон нахоҳанд буд, балки аз равандҳои дипломатии отии низ канор гузошта хоҳанд шуд. Агар ин фурсати кӯтоҳ барои тағйири масир аз даст биравад, паёмадҳои густардаи мухрибе мутаваҷҷеҳи минтақаи Осиёи Ғарбӣ ва низоми байналмилал хоҳад шуд; паёмадҳое, ки зимни тазъифи тамомият ва эътибори тавофуқоти байналмилалӣ, бунёдҳои амнияти дастаҷамъиро мутазалзил хоҳад кард.

Ароқчӣ баён дошт: Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамеша дар ниҳояти худдорӣ тааҳҳуди пойдори худ нисбат ба ҳаллу фасли мавзӯоти марбут ба фаъолиятҳои сулҳомези ҳастаӣ тариқи дипломасия ва музокира ва дастёбӣ ба тавофуқе ҷадид ва одилонаро ба ҷаҳониён нишон додааст; тавофуқе, ки зимни эҳтиром ба истиқлолияти миллии кишвар ва ҳуқуқи миллати Эрон зери Паймони манъи густариши силоҳҳои ҳастаӣ тамоми нигарониҳои мутақобил, аз ҷумла таҳримҳои золимонаеро, ки маъишат ва рафоҳи миллати Эронро ҳадаф қарор додааст, мавриди расидагӣ қарор диҳад.

Вай гуфт: Эрон, алирғарми қарор гирифтан дар маърази ҳамлаҳои ғайриқонунӣ ва ҷинояткоронаи режими саҳюнистӣ ва Амрико, ҳамчунон бар истифои ҳуқуқи мусаллами худ мабнӣ бар истифодаи сулҳомез аз нерӯи ҳастаӣ тибқи Муоҳидаи адами густариши силоҳҳои ҳастаӣ (NPT) пойдор буда ва дар айни ҳол омодагии худ барои мушорикат дар гуфтугӯҳои созанда ва маънидор дар ин хусусро эълом кардааст.

Ин дипломати аршади эронӣ изҳор дошт: Ҷумҳурии Исломии Эрон дар охирин иқдом дар таърихи 9 сентябри соли 2025 тавофуқи ҷадидеро бо Ожонси байналмилалии нерӯи ҳастаӣ (IAEA) имзо кард; тавофуқе, ки бо талошҳои миёнҷигаронаи Миср сурат пазируфт. Тавофуқи ахири Эрон ва Ожонси байналмилалии нерӯи ҳастаӣ барге дигар дар дафтари талошҳои дипломатии Эрон дар ростои ҳаллу фасли мавзӯоти марбут ба фаъолиятҳои сулҳомези ҳастаии Эрон маҳсуб мешавад; тавофуқе, ки зимни эҳтиром ба истиқлолияти миллӣ ва тазмини ҳуқуқи мусаллами Эрон, ҳамкори бо Ожонсро зери як чаҳорчӯби тавофуқшуда ҳифз мекунад.

Ароқчӣ тавзеҳ дод: Эрон ҳаргиз дар мавриди истиқлолият, ҳуқуқ ва амнияти худ созиш нахоҳад кард. Бинобар ин, ин тавофуқ бо табаъият аз Қонуни илзоми давлат ба таълиқи ҳамкорӣ бо Ожонси байналмилалии нерӯи ҳастаӣ, мусавваби Маҷлиси Шӯрои Исломӣ ва дар чаҳорчӯби Шӯрои олии амнияти миллии Эрон амалиётӣ хоҳад шуд ва то замоне эътибор дорад, ки ҳеҷ иқдоми хосмандонае алайҳи Эрон, аз ҷумла бозгардондани қатъномаҳои лағвшудаи Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид сурат наппазирад; дар ғайри ин сурат Ҷумҳурии Исломии Эрон гомҳои амалиро поёнёфта талққӣ хоҳад кард.

Вай афзуд: Хотирнишон мегардад, Қонуни илзоми «Давлат ба таълиқи ҳамкорӣ бо Ожонси байналмилалии нерӯи ҳастаӣ» дар таърихи 25 июни соли 2025 тавассути Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон ба тасвиб расид ва пас аз таъйид дар Шӯрои Нигаҳбон, тавассути Масъуд Пизишкиён, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон эблоғ гардид; қонуне, ки дар вокуниш ба ҳамлаҳои Амрико ва Исроил ба таъсисоти ҳастаии сулҳомези Эрон ва ба манзури ҳифозат аз манофеи миллӣ ва амнияти таъсисоти ҳастаии кишвар тасвиб шуд.

Таъкид бар зарурати иттиҳоди кишварҳои исломӣ дар муборизаи ҳамаҷониба бо Исроил Вазири хориҷаи Эрон гуфт: Дар поён, зимни қадрдонӣ аз истодагӣ ва муқовимати давлат ва миллати Индонезия дар ҳимоят аз мардуми мазлуми Фаластин ва маҳкумияти қотеъ ва сареъи таҷовузоти режими саҳюнистӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон ва дигар кишварҳои минтақа, бори дигар бар зарурати иттиҳоди кишварҳои исломӣ дар муборизаи ҳамаҷониба бо Исроил, муқобила бо стандартҳои дугонаи байналмилалӣ ва ислоҳи сохторҳои маъюби чандҷониба, таъкид мекунем.

Ароқчӣ баён дошт: Инфиоли ниҳодҳои чандҷонибаи байналмилалӣ дар баробари нақзи фоҳиш ва такрории ҳуқуқи байналмилал тавассути режими саҳюнистӣ эътибори қоидаҳо ва нармафзорҳои бунёдии ҳуқуқи байналмилалро хадшадор карда ва мунҷар ба густариши доираи ҷиноёти ин режим дар минтақаи Осиёи Ғарбӣ шудааст. Ҳамлаҳои ахири режими саҳюнистии Исроил ба панҷ кишвари арабӣ – Фаластин, Лубнон, Сурия, Қатар ва Яман – бори дигар хӯи ваҳшиёна ва муҷовизонаи режими саҳюнистӣ дар масири дастёбӣ ба рӯъёи деринаи худ, яъне тасарруфи тамоми сарзаминҳои воқеъшуда дар миёни ду рӯди Нил ва Фурот, ро намоён кард; рӯъёе, ки дар қолаби тарҳи «Исроили бузург» ба сурати расмӣ ва ошкоро тавассути Бинёмин Нетаняҳу, бузургтарин ҷинояткори ҷангии қарн, матраҳ шуда ва истиқлолияти дигар кишварҳои исломӣ дар минтақаи Осиёи Ғарбиро бо хатари ҷиддӣ мувоҷеҳ сохтааст.

Your Comment

You are replying to: .
captcha