Ба гузориши хабаргузории АБНА ба нақл аз вебсайти Ал-Нашра, Ҳасан Эззеддин, намояндаи фраксияи "Вафодорӣ ба муқовимат" дар парлумони Лубнон дар вокуниш ба изҳороти дағалонаи ахири Том Барак, фиристодаи Амрико алайҳи ҳукумат, артиш ва мардуми Лубнон эълом кард, ки аз мавқеиятҳои хирадмандона ва шуҷоъонаи Набиҳ Беррӣ, раиси парлумон дар маҳкумияти суҳбатҳои Том Барак қадрдонӣ мекунем ва бори дигар таъкид менамоем, ки силоҳҳо дар кишвари мо ва нақши онҳо дар муҳофизат аз мардуми Лубнон, муқаддас буда ва василае барои фитна ё бароварда кардани манофеи душмани саҳюнистӣ нест.
Ҳасан Эззеддин дар ҷараёни як маросими ёдбуд гуфт: "Мақомоти Лубнон бояд мавқеъи мутаносиб бо мудохилаҳои ошкорои Амрико ва таҳдидҳои ин кишвар, ки мустақиман мутаваҷҷеҳи ҳукумати Лубнон шуда, эъто кунанд. Ҳамчунин баёнияи вазоратии ҳукумат бояд ба шакли комил тавассути Наввоф Салом, нахуствазири Лубнон тибқи афзалиятҳои он иҷро гардад."
Вай афзуд: "Ин афзалиятҳо шомили таваққуфи таҷовузоти душмани саҳюнистӣ ба Лубнон ва ақибнишинии ишғолгарон аз хоки Лубнон ба таври комил мешавад. Ҳамчунин ҳукумат бояд аз ҳамаи абзорҳои мавҷуд барои берун кардани саҳюнистҳо аз сарзамини мо истифода кунад. Дигар афзалиятҳо низ марбут ба бозсозии харобиҳо мешавад, ки ҳукумат бояд иҷрои онро оғоз кунад, аз ҷумла пардохти ҷуброн ба қурбониён ва соҳибони хонаҳои осебдида ва харобшуда."
Ин намояндаи муқовимат дар парлумони Лубнон таъкид кард, ки ҳукумат бояд дар буҷаи соли 2026 эътибороти молиро барои бозсозии кишвар дар назар бигирад то шаҳрвандон эҳсос кунанд, ки ғамхории аз онҳо вуҷуд дорад ва ба ҳоли худ раҳо нашудаанд. "Ҳукумат бояд аз мавқеи ғайримиллии худ дар марбут кардани бозсозии кишвар ба халъи силоҳи муқовимат даст бардорад; зеро ин амр, манофеи олии миллии Лубнон ва мардуми онро нақз мекунад."
Ҳасан Эззеддин идома дод: "Том Барак ба намояндагӣ аз сарони душмани саҳюнистӣ эълом кард, ки ин режим аз 5 нуқтаи ишғолшуда дар ҷануби Лубнон, ки акнун ба 7 нуқта расидааст ақибнишинӣ нахоҳад кард. Ин изҳороти фиристодаи Амрико нишон медиҳад, ки ҳаргуна шартбанди рӯи Вошингтон ба вижа дар мавриди мавзӯъе, ки як тарафи он режими саҳюнистӣ бошад, ба маънои ҳисоб кардан рӯи сароб буда ва натиҷае ҷуз ноумедӣ надорад."
Ин намояндаи Ҳизбуллоҳ дар поён изҳор дошт: "Амрикоиҳо собит кардаанд, ки ҳеҷ гоҳ наметавонанд хориҷ аз чорчӯби ҳимоят аз режими саҳюнистӣ қарор дошта бошанд ва манофеи ин режимро ба ҳар чизи дигаре авлавият медиҳанд ва комилан равшан аст, ки Амрикоиҳо ҳеҷ таваҷҷуҳе ба манофеи миллии Лубнон надоранд."
Ин изҳороти намояндаи мазкур Ҳизбуллоҳ баъд аз он аст, ки чанд рӯз қабл, Том Барак, фиристодаи вижаи Амрико ба Байрут дар суҳбатҳои дағалона алайҳи Лубнон эълом кард: "Мо ҳеҷ гоҳ артиши Лубнонро барои муқобила бо Исроил тақвият нахоҳем кард; артишро таҷҳизот медиҳем то дар дохил, алайҳи мардуми Лубнон ва Ҳизбуллоҳ ба кор гирифта шавад."
Your Comment