Ба гузориши хабаргузории АБНА ба нақл аз Ал-Манор, кумитаҳои муқовимат дар Фаластин бо судури баёнияе эълом карданд: "Амалиёти яманиҳо дар ҳадаф қарор додани «Уммул-Рашраш» шикастагии дифоъи ҳавоӣ ва куллияи дастгоҳи низомӣ ва иттилоотии режими саҳюнистиро ошкор кард."
Кумитаҳои муқовимат дар Фаластин афзуданд: "Мо ба бародаронамон дар Яман, сарзамини ҷиҳод ва муқовимат, ки ҳомиёни воқеии мардуми Фаластин ва муқовимати онҳо ҳастанд, дуруд мефиристем."
«Яҳё Сарӣъ», сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман, соатҳо қабл, бо судури баёнияе аз анҷоми ҳамлаҳои паҳподӣ ба бархе мавозеи душмани саҳюнистӣ дар ҷануби сарзаминҳои ишғолӣ хабар дод.
Вай дар ин баёния гуфт, ки нерӯҳои яманӣ бо ду паҳпод бандари «Уммул-Рашраш» дар сарзаминҳои ишғолиро дар ҳам кӯбидаанд.
Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман таъкид кард, ки ин амалиёт аҳдофи худро муҳаққақ кард ва сомонҳои раҳгирии душман дар муқобила бо он ноком монданд.
Ба гуфтаи сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман, ин дуюмин ҳамлаи паҳподӣ ба сарзаминҳои ишғолӣ дар 24 соати гузашта аст.
Расонаҳои саҳюнистӣ эълом карданд, ки шумори маҷрӯҳони ҳамлаи паҳподии артиши Яман ба Эйлоти ишғолӣ ба 48 нафар расидааст, ки ҳоли ду нафар аз онҳо вахим аст.
Your Comment