16 Сентябр 2025 - 17:39
Source: ABNA
Бомбборони шадиди Ҳудайда; дифои ҳавоии Яман бо ҷангандаҳои исроилӣ даргир шуд

Ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ дар ҳоли бомбборони Ҳудайдаи Яман ҳастанд ва дифои ҳавоии Яман низ дар ҳоли муқобила бо ин ҳамлаҳо аст.

Ба гузориши хабаргузории ABNA, шабакаи «Ал-Масира»-и Яман аз ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба бандари Ҳудайдаи Яман хабар дод.

Ҳамзамон, Яҳё Сареъ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман эълом кард: "Дифои мо дар ҳоли муқобила бо ҷангандаҳои душмани исроилист, ки ба кишвари мо ҳамла кардаанд." Вай гуфт: "Дифои ҳавоӣ боиси сардаргумии зиёде дар миёни ҷангандаҳои душман шуд ва бархе аз ҷангандаҳоро маҷбур кард, ки қабл аз анҷоми таҷовуз, ҳарими ҳавоии Яманро тарк кунанд. Ба лутфи Худо, вуруди онҳо ба умқи ҳарими ҳавоӣ мунтафӣ шуд."

Радиои артиши режими саҳюнистӣ аз оғози ҳамлаи густурдаи ҳавоии ин режим ба бандари Ҳудайдаи Яман хабар дод.

Канали 12-и телевизиони режими саҳюнистӣ иддао кард: "Ҳадаф аз ҳамла ба Ҳудайдаи Яман аз кор андохтани он барои чанд ҳафтаи дигар аст." Расонаҳои режими саҳюнистӣ иддао карданд, ки то кунун 12 ҳамла ба бандари Ҳудайда анҷом шуда ва се истгоҳи киштӣ (искала) ҳадаф қарор гирифтааст.

Your Comment

You are replying to: .
captcha