Ба гузориши хабаргузории АБНА ба нақл аз хабаргузории миллии Сомалӣ, артиши Сомалӣ пас аз даргириҳои шадид, ҳамчунон ба ҷамъоварии аҷсоди террористони Аш-Шабоб дар атрофи шаҳри Салдҳир дар минтақаи Галгадуд идома медиҳад.
Бар асоси эъломи ин хабаргузорӣ, террористҳо талош карданд ҳамлае ғофилгирона ба ин шаҳр анҷом диҳанд, аммо бо вокуниши шадиди нерӯҳои давлатӣ мувоҷеҳ шуданд.
Аҳмад Муаллим Фиқӣ, вазири дифоъи Сомалӣ ба расонаҳои ин кишвар таъйид кард, ки дар ин набард, беш аз 60 террористи Аш-Шабоб кушта ва беш аз 50 нафари дигар захмӣ шудаанд.
Артиш ҳамчунин чандин асирро ба ҳамроҳи аслиҳа ва таҷҳизоти низомии онҳо ба асорат гирифт.
Your Comment