16 Сентябр 2025 - 17:43
Source: ABNA
Шумори захмиёни ҳамлаҳои режими саҳюнистӣ ба Ғазза аз 165 ҳазор нафар гузашт

Вазорати беҳдошти Фаластин дар навори Ғазза эълом кард, ки шумори шаҳидони ҳамлаҳои артиши режими саҳюнистӣ ба навори Ғазза ба 64 ҳазору 964 нафар расидааст.

Ба гузориши хабаргузории ABNA ба нақл аз хабаргузории «Шаҳоб», Вазорати беҳдошти Фаластин дар навори Ғазза бо судури баёнияе ҷадидтарин омори шаҳидон ва захмиёни ҳамлаҳои артиши режими саҳюнистӣ ба навори Ғазза аз ҳафтуми октябри соли гузашта то кунунро эълом кард.

Бар асоси эъломи Вазорати беҳдошти Фаластин дар навори Ғазза, дар натиҷаи ҳамлаҳои артиши режими саҳюнистӣ ба навори Ғазза аз ҳафтуми октябри 2023 то ин лаҳза, 64 ҳазору 964 нафар ба шаҳодат расидаанд.
Ҳамчунин ин ниҳоди пизишкии фаластинӣ баён кард, ки шумори кулли захмиёни ҳамлаҳои артиши режими саҳюнистӣ ба навори Ғазза аз оғози ҷанг дар ин борика ба 165 ҳазору 312 нафар расидааст.

Ин вазоратхона эълом кард, ки тайи 24 соати гузашта ҳамчунин пайкари 59 шаҳид ба бемористон мунтақил шудааст. Ҳамчунин дар ин муддат 386 нафар низ захмӣ шудаанд.

Ҳамчунин аз 18 марти 2025 ва дар мавҷи ҷадиди ҳамлаҳо ба Ғазза низ 12413 нафар шаҳид ва 53271 нафар захмӣ шуданд.
Ҳанӯз ҳазорон нафари дигар низ дар навори Ғазза мафқуд ва зери овор ҳастанд.
Дар марказҳои тавзеи кӯмакҳо низ тайи 24 соати гузашта 47 нафари дигар захмӣ шуданд то шумори фаластиниёне, ки дар ин марказҳо ба шаҳодат расидаанд ба 2497 шаҳид ва 18294 нафар бирасад.
Тайи 24 соати гузашта 3 мавриди фавт аз нави гуруснагӣ ва суътағзия сабт шудааст то омори қурбониёни қаҳтӣ ва гуруснагӣ дар Ғазза ба 428 нафар бирасад, ки 146 нафар аз ононро кӯдакон ташкил медиҳанд.
Ҳамчунин аз замони эъломи шохиси IPC (эъломи қаҳтӣ дар Ғазза) то кунун 105 мавриди шаҳодат бар асари суътағзия сабт шудааст, ки 31 кӯдак дар миёни онҳо ҳастанд.

Your Comment

You are replying to: .
captcha