7 Сентябр 2025 - 18:36
Source: Parstoday
Чаро ҳазорон саҳюнистӣ хостори поёни ҷанги Ғазза шуданд ?

Ҳазорон саҳюнист бо баргузории тазоҳуроти эътирозии алайҳи « Бинёмин Нитониёҳу » нахуствазири режими саҳюнистӣ , хостори таваққуфи ҷанги Ғазза ва талош барои озодии усароӣ саҳюнист шуданд .

Ҳазорон саҳюнист , рӯзи шанбеи 15 шаҳривар ( 6 сентябр ) ба хиёбонҳои тел ?овйӯ омаданд ва аз мақомоти режим саҳюнистӣ хостанд то ҷанг дар ғаззаро мутаваққиф ва барои озодии асирони саҳюнист дар ғазза талош кунанд . Тазоҳуркунандагон ҳамчунин ба барномаҳои нитонёҳу барои ишғоли комили шаҳри ғазза эътироз карданд .

Муътаризони саҳюнист бо сардодани шиорҳое , муътақид буданд ки чунин амалиётӣ метавонад ҷони усаробоқии монда дар Ғаззаро ба хатар биндозад . Ҳамчунин бархе расонаҳо дар сарзаминҳои ишғолӣ , аз баргузории тазоҳуроти садҳо нафар аз саҳюнистҳо дар муқобили хонаи Бинёмин Нитониёҳу нахуствазири режими саҳюнистӣ дар Қудси ишғолӣ хабар доданд .

Пештар низ ҷумъа шаб , тазоҳуроти сокинони сарзаминҳои ишғолии алайҳи Нитонёҳу ва сиёсатҳои ҷангталабонаи вай бо ҳамлаи неруҳои Полис ба суфӯфи муътаризон ба хушунат ва даргирӣ кашида шуд . Расонаҳои саҳюнистӣ гузориш дода буданд ки полиси режими саҳюнистӣ чандин муътариз ба ҷанги Ғаззаро дар ин тазоҳурот боздошт кардааст .

Ба дунболи тасмими Нитонёҳу ва Кабинаи режими саҳюнистӣ барои ишғоли комили Ғазза , мавҷи густардае аз эътирозот ва хашми саҳюнистҳои сокини сарзаминҳои ишғолиро барангехта ва муътаризони алайҳи сиёсатҳои Нитонёҳу иқдом ба барпоии тазоҳурот кардаанд . Бисёре аз саҳюнистҳо хоҳони поёни ҷанг ҳастанд ва тасмими нахуствазири ҷинояткори ин режим барои идомау густариш онро намепазиранд .

Эътирозоти густарда дар сарзаминҳои ишғолӣ ба идомаи ҷанги Ғазза ва ишғоли комили он , на танҳо нишонае аз шикофи амиқ дар режим саҳюнистӣ аст , балки бозтобӣ аз буҳрони машрӯъияти сиёсӣ ва ахлоқии ин режим дар сарзаминҳои ишғолӣ ва нуқоти мухталифи ҷаҳон ба шумор меравад .

Хонаводаҳои усарои саҳюнист , муътақиданд давлати Нитонёҳу ҷангро ба далоили сиёсӣ идома медиҳад ва монеъ аз озодии онҳо мешавад . Ин гуруҳҳо хостори музокираи фаврӣ барои оташбас шудаанд . Мутақобилан Нитонёҳу барои ҳифзи қудрат ба ҳимояти саҳюнистҳои ифротӣ ниёз дорад ; ки бо ҳаргуна оташбас мухолифанд .

 Масдӯд кардани бузургроҳҳо , оташ задани лостикҳо , ва таҷаммуъот дар Тел-Авив нишондиҳандаи хашми умумӣ ва коҳиши эътимод ба давлат аст . Афкори умумии ҷаҳонӣ низ алайҳи режими саҳюнистӣ басиҷ шудаанд . Аз оғози ҷанг , милюнҳо нафар дар саросари ҷаҳон алайҳи иқдомоти режими Исроил тазоҳурот кардаанд . Ин эътирозот на танҳо дар кишварҳои арабӣ балки дар Аврупо , Амрико ва Осиё низ густариш ёфтаанд .

Истифодаи артиши режими саҳюнистӣ аз силоҳҳои куштори ҷамъӣ аз ҷумла фасфори сафед , ҳамла ба манотиқи амн , ва оворагии густардаи фаластиниҳо мӯҷиб шуда вожаҳоӣ монанди « наслкушӣ » ва « ишғолгарӣ » дар гуфтумони умумӣ ва расонаҳо барҷаста шаванд .

 Кабинаи Нитонёҳу бо фишорҳои дохилӣ ва хориҷӣ рӯ ба рӯ аст ва тасмимоташ беш аз пеш бо интиқодоти густардаи ҳомиёни сулҳ дар саросари ҷаҳон мувоҷеҳ шуда аст . Талафоти густардаи ғайринизомиён , шароити фоҷеъабори инсонӣ дар Ғазза , ва тасовири дилхарош аз ҷанг низ виҷдони умумиро бедор карда ва мӯҷиби эътирозоти густарда шудаанд .

Шароит дар Тел-Авив низ барои Нитонёҳу муносиб нест ва аҳзоби оппозисюн ӯро ба дурӯғгӯй дар мавриди ҷанги Ғазза ва нотавонӣ дар мудирияти он муттаҳам мекунанд . Бахше аз аъзои Кабина башиддат аз тадовуми ҷангу ишғоли комили Ғазза ва нобӯдии Ҳамос ҳимоят мекунанд дар шароите, ки фармондеҳони артиши режими саҳюнистӣ борҳо ҳушдор додаанд артиши ин режими тавоноии муқобила бо гуруҳҳои муқовимати фаластинӣ ва Ҳамосро надорад .

Ихтилофоти шадиди миёни ҷиноҳҳои рости ифротӣ ва саҳюнистҳои ҷангталаби мумкин аст Кабинаро аз дарун муталошӣ кунад ва режими саҳюнистиро вориди як давраи тӯлонӣ аз бе суботии сиёсӣ кунад . Ин эътирозот дар Тел-Авив  ва саросари сарзаминҳои ишғолӣ на танҳо вокунише ба ҷанги Ғазза , балки бозтобӣ аз як буҳрони амиқтар дар сохтори сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ аст . Идомаи ин раванд мунҷар ба ташдиди буҳрони дохилӣу ва тасриъи фурӯпошии сиёсӣ дар Тел-Авив хоҳад шуд .

Your Comment

You are replying to: .
captcha