28 Июл 2025 - 13:35
Source: ABNA
Вазири ифротгарои саҳюнистӣ: Ба ҷои кумакҳои башардӯстона, ба Ғазза бомб фиристед

Вазири амнияти дохилии режими саҳюнистӣ хостори ташдиди ҳамлаҳо ба навори Ғазза ба ҷои ирсоли кумакҳои башардӯстона шуд.

Ба гузориши хабаргузории Аҳли Байт (а) — Абна — Итамар Бен-Ғафир, вазири амнияти дохилии режими саҳюнистӣ хостори ташдиди ҳамлаҳо ба навори Ғазза ба ҷои ирсоли кумакҳои башардӯстона шуд.

Ба гузориши Си-Эн-Эн, Бен-Ғафир дар видеое баён кард: "Ин як шикасти ахлоқӣ аст. Дар ҳоле ки гаравгонҳои мо дар Ғазза ҳастанд, нахуствазири мо кумакҳои башардӯстона ба Ғазза ирсол мекунад."

Вай афзуд: "Бовари ман ин аст, ки дар ин марҳила, танҳо як чиз бояд ба Ғазза ирсол шавад; бомбҳое барои мунфаҷир кардан, ҳамла, ташвиқ ба муҳоҷират ва барои пирӯзӣ дар ҷанг."

Дар рӯзи шанбе, ин вазири ифротгарои режими саҳюнистӣ тасмими кобина барои ирсоли кумакҳои башардӯстона ба Ғаззаро маҳкум ва онро таслим шудан дар баробари ҷунбиши Ҳамос тавсиф карда буд.

Гуфтанӣ аст ахиран кумакҳои башардӯстона аз бархе кишварҳои арабӣ вориди навори Ғазза шуданд.

Your Comment

You are replying to: .
captcha