Ба гузориши хабаргузории Аҳли Байт (а) — Абна — Барак Обама имрӯз душанбе хостори иқдоми фаврӣ барои пешгирӣ аз қаҳтии қобили пешгирӣ дар Ғазза шуд.
«Барак Обама» раисҷумҳури собиқи Амрико дар шабакаи иҷтимоии Икс (Твиттер) навишт: «Як роҳи ҳалли пойдор барои буҳрони Ғазза бояд шомили бозгашти ҳамаи гаравгонҳо (зиндониёни исроилӣ) ва таваққуфи амалиёти низомии Исроил бошад, ҳамчунин ниёзи фаврӣ ба иқдом барои пешгирӣ аз фоҷеаи марги мардуми бегуноҳ аз гуруснагии қобили пешгирӣ мавриди таъкид аст.»
Вай дар идомаи матлаби худ навишт: «Бояд иҷозат дода шавад, ки кумакҳо ба мардуми Ғазза бирасад. Ҳеҷ тавҷеҳе барои дур нигоҳ доштани ғизо ва об аз хонаводаҳои ғайринизомӣ дар Ғазза вуҷуд надорад.»
Гуфтанӣ аст Ожанси имдодрасонӣ ва корёбии Созмони Милал барои оворагони Фаластинӣ (ОНРОА) эълом кардааст, ки аз ҳар панҷ кӯдак дар Ғазза як нафар дучори сӯи тағзия аст. Дар айн ҳол, омори ҷонбохтагон ношӣ аз гуруснагӣ ҳамчунон дар ҳоли афзоиш аст ва гузоришҳое дар бораи марги кӯдакони бештаре бар асари қаҳтӣ дарёфт шуда, ба гунае ки шумори кӯдакони қурбонии қаҳтӣ аз марзи 100 нафар гузаштааст.
Your Comment