Ба гузориши Хабаргузории байналмилалии Аҳли Байт (а) — Абно — Вазорати умури хориҷаи Арабистони Саудӣ бо истиқбол аз тасмими Фаронса барои ба расмият шинохтани кишвари Фаластин, ин иқдомро «тасмими таърихӣ» тавсиф кард. Ба нақл аз Хабаргузории Воси Арабистон, давлати Саудӣ зимни ҳимоят аз ин мавзеъ, аз сойир кишварҳо хост то бо иқдоми мушобеҳ, дар ҷиҳати ҳаллу фасли буҳрони Фаластин гом бардоранд.
Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса, панҷшанбе шаб эълом кард: «Париж кишвари Фаластинро ба расмият хоҳад шинохт ва ин тасмимро дар Маҷмаъи умумии Созмони Милал дар моҳи сентябр расман эълом хоҳад кард.» Ин изҳороти Макрон бозтоби густардае дар сатҳи байналмилалӣ дошта ва вокунишҳои мусбати мутааддидеро ба дунбол доштааст.
Макрон дар шабакаи иҷтимоии Икс таъкид кардааст, ки «сулҳ имконпазир аст» ва Париж ин тасмимро «ба далели таъаҳуди таърихии худ ба сулҳе пойдор ва одилона дар Ховари Миёна» иттихоз кардааст. Раисҷумҳури Фаронса ҳамчунин бар «лузуми барқарории оташбаси фаврӣ дар Ғазза, озодии ҳамаи асирони саҳюнист ва ирсоли густардаи кумакҳои башардӯстона ба мардуми Ғазза» таъкид кардааст.
Илова бар ин, Макрон хостори «халъи силоҳи Ҳамос» шуда ва зарурати бозсозии Ғазза ва эҷоди амнияти пойдор дар ин минтақаро мавриди таъкид қарор додааст. Ӯ пеш аз ин низ хотирнишон карда буд, ки вуҷуди як кишвари Фаластинӣ «на танҳо як таъаҳуди ахлоқӣ, балки як зарурати сиёсӣ дар шароити кунунӣ» аст.
Макрон ибрози умедворӣ кардааст, ки ба расмият шинохтани Фаластин аз сӯи Фаронса, сойир давлатҳоро тарғиб кунад то иқдомоти мушобеҳе анҷом диҳанд. Вай гуфта буд, ки ин раванд метавонад ба расмият шинохтани дуҷониба миёни кишварҳои дигар ва Исроил низ кумак кунад ва заминасози эҷоди як сулҳи пойдор шавад.
Your Comment