Ба гузориши хабаргузории Аҳлибайт (а) — Абна — артиши режими саҳюнистӣ аз ҳалокати яке аз низомиёни худ бар асари шиддати ҷароҳатҳое, ки ҳафтаи гузашта дар ҷараёни даргирӣ дар ҷануби Ғазза бардошта буд, хабар дод.
Артиши режими саҳюнистӣ эълом кард, ки сержант якуми захира «Безалэл Ешуа» аз гардони муҳандисии 749-и ин режим бар асари ҷароҳатҳое, ки ҳафтаи гузашта дар ҷараёни даргирӣ бо размандагони муқовимати Фаластин дар ҷануби Ғазза бардошта буд, кушта шуд.
Ин низомии режими саҳюнистӣ чанд рӯз пеш дар пайи инфиҷори бомб дар масири ҳаракати як худрави низомии артиши Исроил дар навори Ғазза ба шиддат маҷрӯҳ шуда буд.
Расонаҳои Исроил шанбешаб низ аз ҳалокати чаҳор низомии ин режим дар пайи ҳамлаи гардонҳои Қассом ба як нафарбари зиреҳии артиши режими саҳюнистӣ дар Хон Юнис дар ҷануби навори Ғазза хабар доданд.
Your Comment