Ба гузориши хабаргузории Аҳли Байт(ъ) ـ Абно ـ Сайид Аммор Ал-Ҳаким, раҳбари ҷараёни Ҳикмати миллии Ироқ имрӯз якшанбе мизбони ҳайате аз Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии исломии Эрон буд.
Ба гузориши Ал-Фурот Нюз, ду тараф дар ин дидор дар бораи таҳаввулоти авзоъ дар минтақа ва равобити дуҷонибаи Ироқ ва Эрон табодули назар карданд.
Сайид Аммор Ал-Ҳаким бар аҳамияти баҳрабардорӣ аз зиёрати Арбаъин дар тақвияти ҳамкории расмӣ ва мардумӣ миёни Ироқ ва Ҷумҳурии исломии Эрон бо таваҷҷуҳ ба нақши меҳварии ин зиёрат дар таҳкими пайвандҳои иртибот миёни ду кишвар таъкид кард.
Раҳбари ҷараёни Ҳикмати миллии Ироқ аз муқовамати миллати Эрон ва ҳамбастагӣ бо раҳбарӣ ва ниҳодҳои ин кишвар тақдир ва нақши Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон дар ҳимоят аз миллати Эронро таҳсин кард.
Ал-Ҳаким дар ин дидор хостори тақвияти ҳамкории парлумонӣ миёни Ироқ ва Эрон шуд ва бар лузуми ташкили кумитаҳои муштарак барои баррасии масоили дорои аҳамияти муштарак илова бар табодули таҷриба миёни тарафайн таъкид кард.
Вай гуфт, ки Ироқ таҷрибаи парлумонии бисёре дорад ва омодаи тавсиаи он дар интихоботи парлумонии отист.
Гуфтанӣ аст, пеш аз ин, ҳайати мазкур бо Маҳмуд Ал-Машҳадонӣ, раиси парлумони Ироқ дидор кардааст.
Your Comment