Ба гузориши хабаргузории байналмилалии Аҳли Байт(ъ) ـ Абно ـ ба нақл аз Савту-л-Қудс, Шайх Аҳмад Ал-Халилӣ муфтии Уммон эълом кард: Мо бо таассуф ва андӯҳ мусибатҳои Ғаззаи азиз, ки таҳти муҳосираи шадид ва зулми ошкор қарор дорад, пайгирӣ мекунем.
Вай афзуд: Мо кишварҳои исломӣ ва арабиро ба иқдоми фаврӣ барои ҳимоят аз бародаронамон дар навори Ғазза даъват мекунем ва ин ҳақест, ки бар ӯҳдаи тамоми башарият аст.
Гуфтанӣ аст, ки бар асоси эъломи Вазорати беҳдошти Фаластин дар навори Ғазза, дар натиҷаи ҳамлаҳои артиши режими саҳюнистӣ ба навори Ғазза аз ҳафтуми октябри 2023 то ин лаҳза 58 ҳазору 859 нафар ба шаҳодат расидаанд. Шумори кулли захмиҳои ҳамлаҳои артиши режими саҳюнистӣ ба навори Ғазза аз оғози ҷанг дар ин борика ба 140 ҳазору 980 нафар расидааст. Тай 24 соати гузашта ҳамчунин пайкари 130 шаҳид ба бемористон мунтақил шудааст. Ҳамчунин дар ин муддат 495 нафар низ захмӣ шудаанд.
Ҳамчунин аз 18 марти 2025 ва дар мавҷи ҷадиди ҳамлаҳо ба Ғазза низ 8066 нафар шаҳид ва 28939 нафар захмӣ шуданд. Ҳанӯз ҳазорон нафари дигар низ дар навори Ғазза мафқуд ва зери овор ҳастанд.
Дар марокизи тавзеи кумакҳо низ тай 24 соати гузашта 31 нафар шаҳид ва беш аз 107 нафари дигар захмӣ шуданд, то шумори фаластиниҳое, ки дар ин марокиз ба шаҳодат расидаанд ба 922 шаҳид ва 5861 нафар бирасад.
342/
Your Comment