21 Июл 2025 - 12:44
Source: ABNA
ЮНИСЕФ: Ғазза ба гӯристони кӯдакон табдил шудааст

Сухангӯи минтақавии Сандуқи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) зимни интиқод аз ҷилавгирии режими саҳюнистӣ аз вуруди кумакҳои башардӯстона ба навори Ғазза ҳушдор дод, ки ин борика ба гӯристони кӯдакон табдил шудааст.

Ба гузориши хабаргузории байналмилалии Аҳли Байт(ъ) ـ Абно ـ ба нақл аз Ал-Ҷазира, сухангӯи минтақавии Сандуқи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) ҳушдор дод, ки навори Ғазза бо шароити фоҷиаборе мувоҷеҳ аст ва ин борика ба иллати бетаваҷҷуҳии ҷаҳонӣ, ба гӯристоне барои кӯдакон табдил шудааст.

Вай дар идомаи мусоҳиба бо шабакаи Ал-Ҷазира афзуд: Муҳосира алайҳи навори Ғазза ва эҷоди маҳдудият барои вуруди кумакҳои башардӯстона ба он, омили афзоиши марг дар ин минтақа аст.

Ин мақоми Созмони Милал хотирнишон кард: Исроил бо дархостҳои зиёде барои вуруди кумакҳои башардӯстона ба Ғазза мухолифат карда ва ин мухолифатҳо боис ба эҷоди шароите шудааст, ки ин минтақа имрӯз шоҳиди он аст.

342/

Your Comment

You are replying to: .
captcha