Ба гузориши хабаргузории Аҳлулбайт (а) – Абно – ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ, ҳамлаҳои ҳавоии худ ба ҷануби Сурияро аз сар гирифтанд.
Ҷангандаҳои артиши режими саҳюнистӣ минтақаи Ал-Шақровия дар атрофи шаҳри Сувайдоро бомбаборон карданд.
Як корвони низомии давлати муваққати Сурия низ, ки аз Димишқ ба сӯи устони Сувайдо дар ҳаракат буд, ҳадафи бомбаборон қарор гирифт.
Бархе расонаҳои маҳаллӣ низ аз ҳадаф қарор гирифтани чанд худрави ҳомили ракетаандози Град дар ғарби Сувайдо хабар медиҳанд.
Расонаҳои Сурия аз омодабоши ҳаддиаксарии нерӯҳои вобаста ба давлати муваққати Сурия ва дар Димишқ ва барпоии постҳои исту бозрасӣ дар атрофи маҳаллаҳои қадими пойтахт хабар доданд.
Your Comment