16 Июл 2025 - 13:43
Source: ABNA
Яманиҳо дар посух ба тадовуми ҷиноёти Исроил, мавзеъҳои саҳюнистҳоро ҳадаф қарор доданд

Нерӯҳои мусаллаҳи Яман амалиёти паҳподии тозаеро алайҳи режими саҳюнистӣ ба иҷро гузоштанд; иқдоме, ки ба гуфтаи манобеи яманӣ, дар посух ба куштори ғайринизомиён дар Ғазза анҷом шудааст.

Ба гузориши хабаргузории байналмилалии Аҳлулбайт (а) – Абно – сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман аз иҷрои як амалиёти паҳподӣ ҳамзамон алайҳи аҳдофи исроилӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ хабар дод ва эълом кард, ки ин ҳамла дар посух ба тадовуми ҷиноёти Исроил дар Навори Ғазза анҷом шудааст.

Сартиб «Яҳё Сарӣъ» сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман, имшаб сешанбе дар баёнияе тасвирӣ эълом кард, ки ин нерӯҳо, як амалиёти низомии дуҷониба ва ҳамзамон бо истифода аз се паҳпод алайҳи мавзеъҳои саҳюнистҳо анҷом додаанд.

Ӯ тавзеҳ дод: "Ду фарванд паҳпод, як ҳадафи низомии муҳимро дар минтақаи Нақб ҳадаф гирифт ва паҳподи савум бандари Эйлатро дар ҷануби Фаластини ишғолӣ мавриди ҳамла қарор дод."

Сарӣъ бо таъкид бар муваффақиятомез будани амалиёт, афзуд: "Ин иқдом дар посух ба тадовуми ҷиноёти режими саҳюнистӣ алайҳи мардуми бедифоъи Ғазза сурат гирифт; ҷое, ки кӯдакон ва занон ба сурати рӯзона қурбонии бомбаборонҳо мешаванд ва хонаҳо, хаймаҳо ва зерсохтҳои инсонӣ нобуд мегарданд."

Вай дар идома гуфт: "Сукути ҷомеаи байналмилалӣ дар баробари ин наслкушӣ, танҳо режими ишғолгарро дар иҷрои тарҳҳои тавсеаталабонааш ҷуртар мекунад."

Сарӣъ ҳамчунин таъкид кард, ки нерӯҳои мусаллаҳи Яман ба вазифаи динӣ, ахлоқӣ ва таърихии худ амал мекунанд ва амалиётҳо то таваққуфи комили таҷовуз ва муҳосираи Ғазза идома хоҳад дошт.

Your Comment

You are replying to: .
captcha