16 Июл 2025 - 13:41
Source: ABNA
Силоҳи иқтисод дар ҷанг алайҳи Ҳизбуллоҳи Лубнон / Чаро Исроил аз муассисаи қарз-ул-ҳасана метарсад?

Дар талош барои тазъифи Ҳизбуллоҳ, режими саҳюнистӣ ва муттаҳидонаш тамаркузи худро бар хушконидани манобеи молии муқовимат аз тариқи ҳамлаҳо, террорҳо ва фишорҳои байналмилалӣ қарор додаанд.

Ба гузориши хабаргузории байналмилалии Аҳлулбайт (а) – Абно – Дар сояи тадовуми таҷовузоти режими саҳюнистӣ ба Лубнон ва дар миёнаи талошҳои Вашингтон ва Телавив барои тазъифи Ҳизбуллоҳ, яке аз аҳдофи аслии душманон, қатъи манобеи молии ин ҷунбиши муқовимат будааст.

Дар ин чорчӯб, тамаркузи шадиде бар тазъифи муассисаи қарз-ул-ҳасан ба унвони бозуи молии Ҳизбуллоҳ сурат гирифтааст; муассисае, ки тайи ду даҳаи гузашта, ба манбаи молии мутмаин барои даҳҳо ҳазор лубнонӣ табдил шуда ва нақши муҳиме дар мудирияти иқтисодии манотиқи ҳомии муқовимат ифо кардааст.

«Иброҳим Аламин» сардабири рӯзномаи «Ал-Ахбор» Лубнон, ки ба наздикӣ ба Ҳизбуллоҳи Лубнон машҳур аст, дар ёддошти зер ба баррасии ин ҷанги иқтисодии режими саҳюнистӣ алайҳи муқовимати исломии Лубнон пардохт:

Дар ҷараёни таҷовузи густурдаи Исроил ба Лубнон дар пойгоҳи гузашта, душмани саҳюнистӣ чандин нуқтаро дар Зоҳияи ҷанубии Байрут ҳадаф қарор дод ва муддаӣ шуд, ки ин маконҳо маҳалли захираи пулҳои Ҳизбуллоҳ ҳастанд.

Ин ҳамлаҳо бо таблиғоти расонаии бархе рӯзноманигорони лубнонӣ ҳамроҳ буд, ки иддао карданд дар зери бинои бемористони Ал-Соҳил, утоқи мустаҳкаме бо гавсандуқҳои мутааллиқ ба Ҳизбуллоҳ вуҷуд дорад.

Исроил дар ҷараёни ин ҷанг, бархе аз афроди масъул дар муқоваматро, ки онҳоро ба унвони ҳалқаи интиқоли молӣ муаррифӣ мекард, террор кард. Аз ҷумла, дар апрели 2024 нерӯҳои иттилоотии Исроил, «Муҳаммад Иброҳим Сурур» саррофи лубнонӣ, ро дар виллое дар минтақаи «Байтмарӣ» ба дом андохтанд ва ба қатл расониданд. Душман иддао кард, ки ӯ нақши калидӣ дар интиқоли пул аз Эрон ва Ҳизбуллоҳ ба муқовимати Фаластин доштааст.

Дар рӯзи поёнии таҷовузи ахир ва танҳо чанд соат пеш аз иҷрои оташбас дар 27 ноябр, паҳподҳои Исроил, дафтарҳои саррофӣ дар минтақаи Раъси Байрутро ба баҳонаи интиқоли пул ба Ҳизбуллоҳ, бомбаборон карданд.

Ду ҳафта пеш низ, ҳамлаи ҳавоии душман ба худраве дар ҷануби Лубнон мунҷар ба шаҳодати як сарроф ва ду писараш ба баҳонаи фаъолияти молӣ барои муқовимат шуд.

Тайи шаш моҳи гузашта, фурудгоҳи Байрут саҳнаи ҳузури мустамари тимҳо барои бозрасии кифҳои мусофирони будааст, ки аз Эрон, Ироқ, Африқо ё дигар кишварҳо вориди Лубнон мешаванд. Исроил ба воситаи Амрикоиҳо, ба мақомоти лубнонӣ фишор оварда ва муддаӣ шуда, ки ин пулҳо барои Ҳизбуллоҳ аст.

Амрикоиҳо аз солҳо пеш, ҳар фардеро, ки дар листи таҳримҳо қарор медоданд, ба ҳамкории молӣ бо Ҳизбуллоҳ ё фасод муттаҳам мекарданд. Тибқи архивуҳои амниятии расмӣ, душман иқдом ба ҷазби афроде карда, ки тавоноии дастрасӣ ба иттилооти моликияти амлок ро доранд; ҳамон коре, ки қаблан бархе бонкҳои лубнонӣ низ дар ростои хостаҳои Амрико анҷом додаанд.

Фишорҳо боис шуда, бонкҳои бузург ва кӯчак, ҳисобҳои кормандони давлатӣ, устодони донишгоҳ ва афроди шинохташударо танҳо ба далели узвият ё наздикӣ ба Ҳизбуллоҳ ҳатто бидуни дархости расмӣ бибанданд.

Дар ин миён, муассисаи қарз-ул-ҳасан ҳамвора яке аз меҳварҳои гуфтугӯ байни мақомоти Амрикоӣ/Урупоӣ бо ниҳодҳои молии Лубнон будааст. Дар ибтидо онро бозуи молии Ҳизбуллоҳ муаррифӣ карданд, сипас онро ба пулшӯӣ ва ҷазби пулҳои ғайриқонунӣ муттаҳам намуданд.

Дар ҳоле ки ҳама медонанд ин муассиса на бонк аст, на бо системаи бонкии Лубнон дар иртибот аст, ва сирфан як муассисаи молии мардумӣ аст, ки дар ду даҳаи ахир густариш ёфта ва ҳимояти мардумро ҷалб кардааст.

Шаҳид Сайид Ҳасан Насруллоҳ низ дар яке аз суханрониҳои худ мардумро ба ҳимоят аз ин муассиса даъват карда буд ва эътимод ба он чунон боло буд, ки ҳеҷ кас нигарони аз байн рафтани сармояаш набуд.

Дар миёнаи ҷанги ахир, Исроил марказҳои муассисаи қарз-ул-ҳасанро дар аксар манотиқи Лубнон бомбаборон кард ва талош кард робитаи мардум бо ин муассисаро пурхатар ҷилва диҳад. Аммо ҳеҷ шикояте аз сӯи муштариён матраҳ нашуд ва муассиса дар иқдоме пешгирона, ба аксар супурдагузорон пешниҳоди пардохти нақдии вуҷуҳашонро дод.

Даҳҳо миллион доллар ба муштариён бозгардонида шуд ва бисёре пас аз таваққуфи ҷанг, дубора пулҳояшонро супурдагузорӣ карданд. Ҳатто ҷамъе аз мардум бо муассиса эъломи ҳамбастагӣ карданд ва тасмим гирифтанд пули худ ро берун накашанд.

Тамоми фаъолони ҳозаи молӣ дар Лубнон медонанд, ки ҳеҷ фаъолияте бидуни мувофиқати супурдагузор анҷом намешавад. Ҳизбуллоҳ низ аз тариқи ин муассиса, тайи ҷанг, наздик ба як миллиард доллар барои кӯмак ба оворагон, бозсозии хонаҳо ва иҷораи манозили ҷадид пардохт кардааст; рақаме, ки ҳатто давлати Лубнон низ аз иҷрои муваффақи он оҷиз аст.

Воқеияти содда аст: Онани ки хоҳони нобудии силоҳи муқовамат ҳастанд, нахуст манобеи молии онро ҳадаф қарор додаанд. Бонки марказии Лубнон низ бо собиқае дурахшон дар иҷрои дастуроти Амрико, дар ин масир қадам бардоштааст.

Иқдоми ахири «Карим Саъид» раиси Бонки марказии Лубнон низ беиртибот бо мавзеъҳои гузаштааш алайҳи Ҳизбуллоҳ нест; чаро ки вай аз тарафдорони ҳазфи кулли муқовамат ва на танҳо манобеи молии он аст.

Баргаи Мурган Оргтегас, ки ба раисони сегонаи Лубнон ирсол шуда ва ҳануз рӯи онҳо хок мехӯрад, яке аз бандҳояш илзоми иқдом алайҳи муассисаи қарз-ул-ҳасан аст ва ин банд акнун дар ҳоли иҷрост.

Аммо бархилофи тасаввури душманон, ин фишорҳо на мунҷар ба фурӯпошӣ хоҳад шуд ва на ҳимояти мардумӣ аз муқоваматро коҳиш медиҳад. Балки ҳар рӯз, далоили тозае ба мардуми Лубнон дода мешавад то бидонанд, ки силоҳи муқовамат, бахши ҷудонопазир аз мавҷудияти онҳо ва на танҳо василае барои дифоъ дар баробари душман аст.


Your Comment

You are replying to: .
captcha