Ба гузориши Хабаргузории байналмилалии Аҳлибайт (а) ـ Абно ـ «Тоҳир Ан-Нуну» узви аршади ҷунбиши Ҳамос гуфт: Ҳамос бо озодии 10 асири саҳюнистӣ мувофиқат кардааст то раванди интиқоли кумакҳо ба дохили навори Ғазза ва таваққуфи таҷовузоти душман таъмин шавад.
Вай, ки бо шабакаи Ал-Ҷазира гуфтугӯ мекард, афзуд: Ҷунбиши Ҳамос дар музокироти ҷории дар Доҳа, нармиши зиёде аз худ нишон медиҳад ва бо тарафҳои миёнҷӣ ҳамкорӣ мекунад.
Ан-Нуну тасреҳ кард: Ҳамос ба манзури таъмини интиқоли кумакҳо ба Ғазза ва таваққуфи ҷанги наслкушӣ, бо озодии 10 асири саҳюнистӣ ҳозир дар Ғазза мувофиқат кардааст.
Вай хотирнишон кард: Ин даври музокирот шоҳиди чолишҳои бузурге аст ва Ҳамос мавзеи собите дар қавоиди асосии ҳар гуна тавофуқе бо режими саҳюнистӣ ва дар раъси онҳо ақибнишинии комил аз навори Ғазза ва таваққуфи комили таҷовузот дорад.
Узви аршади ҷунбиши Ҳамос изофа кард: Мо бар аҳамияти ироаи тазминҳои байналмилалӣ таъкид мекунем ва калиди аъмоли фишори воқеӣ бар рӯи режими саҳюнистӣ ба манзури поён додан ба ҷанг, дар сурати вуҷуд иродаи сиёсии лозим, дар дасти Амрикост.
Your Comment