Ба гузориши хабаргузории Абно ба нақл аз хабаргузории Риа Новости, Рафаэл Гросси, мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ имрӯз чоршанбе дар суханоне бидуни маҳкум кардани таҷовузи Амрико ва режими саҳюнистӣ ба Эрон бар хилофи маншури Милали Муттаҳид, эълом кард: "Эрон кишваре бисёр бузург бо иқтисоди ҷиддӣ, зарфияти саноатӣ ва тавонмандиҳои қобили таваҷҷуҳ ва дорои қобилиятҳои фаннӣ аст ва инҳоро наметавон бо абзори низомӣ аз байн бурд."
Мудири кулли Ожонси байналмилалии энержӣ, ки гузориши комилан сиёсӣ, муғризона ва ҷонибдоронааш дар Шӯрои Ҳуккоми Ожонс боис шуд режими саҳюнистӣ ва Амрико ба худ ҷуръати таҷовуз ба Эронро диҳанд, 16 июл низ гуфт: "Ин роҳи ҳал (пиромуни масъалаи ҳастаии Эрон) наметавонад низомӣ бошад, зеро нобуд кардани комили тавони кишваре ба ин бузургӣ, ки дорои зерсохтҳои фановарона ва саноатӣ аст, имконпазир нест. Ба ҳар ҳол бояд як роҳи ҳалли дипломатӣ дар ин бора ҳосил шавад; акнун бархе гуфтугӯҳо дар ҷараён аст ва умедворам шитоби бештаре бигирем ва ба дастиёбӣ ба тавофуқ кумак кунем."
Your Comment