Пештар ҳукми боздошти Бенёмин Натанёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ ва Йоав галант, вазири ҷанги собиқи ин режим аз сӯи Девони Байналмилалии Ҷиноӣ, мустақар дар Лоҳа (Гаага)-и Ҳоланд содир шуда буд.
Ба гузориши Порс-Тудей, ба нақл аз Ирна, Марко Рубио, вазири умури хориҷаи Амрико рӯзи панҷшанбе эълом кард, ки чаҳор қозии Девони Байналмилалии Ҷиноӣ, мустақар дар Лоҳаи Ҳоландро ба далели мушорикат дар иқдом алайҳи ҷиноёти режими Исроил ва наслкушии мардуми Ғазза таҳрим кардааст.
Вай иддао кард, ин афрод мустақиман дар талошҳои Девони Байналмилалии Ҷиноӣ (ICC) барои таҳқиқ, дастгирӣ, боздошт ё пайгарди қонунии атбои Иёлоти Муттаҳида ё Исроил, бидуни ризояти Иёлоти Муттаҳида ё Исроил, мушорикат доштаанд ва Иёлоти Муттаҳида ва Исроил узви Асосномаи Рум нестанд.
Илон Маск Трампро муттаҳам кард
Дар идомаи таниши лафзии Илон Маск, миллиардеру молики шабакаи иҷтимоии «Х» бо Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, вай Трампро ба даст доштан дар парвандаи озори ҷинсии кӯдакон муттаҳам кард. Маск дар шабакаи иҷтимоии «Х» навишт: Номи Трамп дар парвандаи маҳрамонаи Ҷефри Эпстин вуҷуд дорад. Ба ҳамин далел ин парванда то кунун мунташир нашудааст. Доналд Трамп рӯзи хубе дошта бошӣ!
Ҷефри Эпстин фарде буд, ки иқдом ба қочоқи кӯдакон барои озори ҷинсӣ аз сӯи сиёсатмадорону афроди сарватманд мекард.
Чад судури раводид барои шаҳрвандони амрикоиро мутаваққиф кард
Хабари дигар ин ки раисиҷумҳури Чад дар вокуниш ба мамнуияти сафари шаҳрвандони ин кишвар ба Амрико, судури раводид барои шаҳрвандони амрикоиро ба ҳолати таълиқ даровард. Муҳаммад Идрис Дебу рӯзи панҷшанбе дар паёме дар «Х» навишт: Ман ба давлат дастур додаам, ки мутобиқ бо усули амали мутақобил амал кунаду эътои раводид ба шаҳрвандони Амрикоро ба ҳолати таълиқ дароварад.
Вай афзуд: Чад “на ҳавопаймое барои ироа дорад ва на миллиардҳо доллар барои ироа”, аммо Чад иззату ғурури худро дорад.
Куба иқдоми Амрико дар мамнуияти сафари атбои худро нажодпарастона хонд
Бруно Родригес, вазири умури хориҷаи Куба низ рӯзи панҷшанбе дар паёме дар “Х” навишт: Мамнуияти ҷадиди вуруди атбои чандин кишвар ба Амрико, ранге нажодпарастона бо ҳимояти сиёсатмадорони зиддикубаӣ дорад.
Вай таъкид кард, ки ин сиёсат ба иртиботи байни хонаводаҳои кубаӣ ва ба табодулоти шахсӣ, ҳирфаӣ ва донишгоҳӣ осеб мерасонад.
Русия ветои Амрико алайҳи қатъномаи оташбас дар Ғаззаро маҳкум кард
Вазорати умури хориҷаи Русия низ дар баёнияе эълом кард, ки истифодаи Иёлоти Муттаҳида аз ҳаққи вето алайҳи пешнависи қатъномаи Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси барқарории оташбаси фаврӣ дар борикаи Ғазза, фурсати аз дастрафта барои таваққуфи хунрезӣ дар ин минтақа буд. Дар ин баёния омадааст: «Тарафи амрикоӣ бо ин иқдом дар воқеъ тарҳи худ барои дастёбӣ ба “тавофуқ” миёни тарафи исроилӣ ва ҷунбиши Ҳамос, ки дар матни қатънома гунҷонда шуда будро низ рад кард».
Чин аз хариди нафти хоми Амрико худдорӣ кард
Чин низ ба унвони бузургтарин воридкунандаи нафти ҷаҳон, дар идомаи танишҳои тиҷорӣ бо Иёлоти Муттаҳида, барои дуюмин моҳи паёпай аз хариди нафти хоми Амрико худдорӣ кард.
Бар асоси додаҳои идораи омори Иёлоти Муттаҳида, адами харид аз сӯи Чин боис шуд содироти нафти Амрико дар моҳи апрел ба поинтарин сатҳ дар соли ҷорӣ бирасад. Дар апрели соли гузашта Чин рӯзона 297 ҳазор бушка нафт аз Амрико харидорӣ карда буд ва ин рақам дар соли 2023 се баробари ин мизон буд.
Your Comment