ABNA24 : Ба гузориши пойгоҳи итилоърасонии артиши Эрон, дарёдор Сайидмаҳмуди Мӯсавӣ, муовини амалиёти артиши Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи сешанбе бо баёни ин ки Эрон аз кишварҳои тавонманди ҷаҳон дар ҳавзаи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин маҳсуб мешавад, гуфт: Дар тамрини бузурги разми паҳподии артиш анвои мухталифи сомонаҳои паҳподӣ дар нерӯҳои заминӣ, падофанди ҳавоӣ, ҳавоӣ ва дарёии артиш дар шароити разми воқеӣ маъмуриятҳои таърифшударо иҷро мекунанд.
- Сартип Ҳотамӣ: Артиши Эрон аз омодатарин артишҳои ҷаҳон аст
Муовини амалиёти артиши Ҷумҳурии исломии Эрон афзуд: Иҷрои амалиётҳои размии паҳподӣ шомили раҳгирии ҳавоӣ ва аз байн бурдани аҳдофи ҳавоӣ бо истифода аз мушаки ҳаво ба ҳаво, инҳидоми аҳдофи заминӣ бо истифода аз бомбҳову мушакҳои нуқтазан ва ҳамчунин бакоргирии густардаи паҳподҳои интиҳорӣ аз иқдомоте аст, ки дар бахши амалиётии ин тамрин иҷро мешавад.
Дарёдор Мӯсавӣ афзуд: Парвози паҳподҳои нерӯи дарёии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон аз рӯйи шиновар дар обҳои ҷанубии Эрон, парвози бурди баланди паҳподҳои интиҳории нуқтазан барои инҳидоми аҳдофи ҳассосу ҳаётӣ дар умқи хоки душман аз тарҳҳои тамринии разми паҳподӣ хоҳад буд.
342/