16 Ноябр 2020 - 20:05
Вазири умури хориҷаи Сурия даргузашт

Расонаҳо аз даргузашти муовини нахуствазир ва вазири умури хориҷаи Сурия Валид ал-Муаллим хабар доданд.

ABNA24: Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, хабаргузории расмии Сурия бомдоди душанбе ба нақл аз Вазорати умури хориҷаи ин кишвар хабари вафоти Валид ал-Муаллимро эълом кард.

Вай аз соли 2006 симмати Вазорати умури хориҷаи Сурияро ба ӯҳда дошт.

Ал-Муаллими 79 сола ҳамчунин ба муддати 10 сол сафири кишвараш дар Амрико будааст.

Ҷузъиёти бештаре дар ин бора гузориш нашудаас.

342/