ABNA24: Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Фараҷ, дар ин нома таъкид шудааст, ки таълими забони тоҷикӣ дар мактабҳои манотиқи тоҷикии Ӯзбекистон дар як ҳафта 10 соатро ташкил медиҳад.
Ин дар ҳоле аст, ки тадриси забони ӯзбекӣ ва хориҷӣ 33 соат дар ҳафта аст.
Дар ин нома инчунин аз коҳиш ёфтани шумораи кӯдакистонҳо барои кӯдакони тоҷики муқими вилояти Самарқанд изҳори нигаронӣ шудааст.
Муаллифони нома аз Раиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон хоҳиш кардаанд, ки дар таъсиси як шабакаи мустақили телевизионӣ дар Тоҷикистон бо забони тоҷикӣ мусоидат кунад.
Аз тарафи дигар, ба Шавкат Мирзиёев пешниҳод шудааст, ки пахши барномаҳои мустақим ба забони тоҷикиро тавассути радио ва телевизиони Ӯзбекистон баррасӣ кунад.
Пешниҳоди дигари омӯзгорони забони тоҷикии Самарқанд ба Шавкат Мирзиёев ин аст, ки ба сабаби паҳн шудани вируси корона ва ҳузури маҳдуди донишҷӯён ба воситаи телевизион ва фазои маҷозӣ таълим додан роҳандозӣ шавад.
342/