23 Апрел 2025 - 23:46
Source: Parstoday
Баҳонаи «яҳудиситезӣ»; Тарфанди Трамп барои муқобила бо донишгоҳҳои мунтақиди режими кӯдаккуши Исроил

Раисони беш аз 100 донишгоҳ, донишкада ва муассисаи илмӣ дар Амрико бо интишори баёнияи муштараке мухолифати худро бо наҳваи бархӯрди давлати Доналд Трамп бо ниҳодҳои олии омӯзишӣ дар ин кишвар иброз карданд.

Ин мавзеъгирии муштараки гуруҳҳои донишгоҳӣ ва илмӣ дар Амрико ба дунболи интиқоди донишгоҳи Ҳарвард аз давлати Трамп ба далели таҳдиди истиқлоли ин донишгоҳ иттихоз шудааст. Ба гузориши Порс тудей, Донишгоҳи Ҳарвард барои ҷилавгирӣ аз масдӯд шудани миллиардҳо доллар буҷети федерол тавассути Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико ва ҳифзи озодии худ, аз давлати ин кишвар шикоят кардааст.

Трамп буҷаи давлатии донишгоҳҳое монанди Ҳарвард, Каломбия ва соири донишгоҳҳое, ки ба ақидаи вай дар кантроли масаълаи яҳудиситезӣ дар фазои донишгоҳии худ ноком будандро қатъ кардааст.

Дар шикояти ин донишгоҳ, ки дар додгоҳи федерол дар Бостон ироа шуд, омадааст, ки Трамп ҳамлаи густардаеро ба буҷети таҳқиқоти пешрафта дар донишгоҳҳои бузурги Амрико оғоз кардааст.

Давлати Трамп аз донишгоҳи Ҳарвард хоста, ки ба ҳамаи гузоришҳои он дар маврид ба истилоҳ яҳудиситезӣ, ки аз октябри 2023 тавлид шудааст, дастрасӣ дошта бошад. Давлати Амрико саъй дорад марокизи муътабари омӯзишии ин кишварро бо худ ҳамсӯ кунад.

Донишгоҳи Ҳарвард дар 14 апрел бо хостаҳои бешумори давлати Трамп барои назорат бар баданаи донишҷӯӣ, ҳайати илмӣ ва барномаҳои дарсии ин донишгоҳ мухолифат кард. Давлати Амрико ин мутолиботро дар талош барои маҳори ончӣ ки таассуботи либерали ин донишгоҳ мепиндорад, матраҳ кардааст.

Ба дунболи худдории ин донишгоҳ аз таслим шудан дар баробари хостаҳои давлати Амрико, Трамп эълом кард, ки 2.3 миллиард доллар аз буҷети федерол барои ин донишгоҳро қатъ мекунад.

Ҳамчунин ба масъулони донишгоҳи Ҳарвард ҳушдор дода шудааст, ки дар сӯрати табаъият накардан аз хостаҳои матраҳ шуда, маҷмуан 9 миллиард доллар кумакҳои молии федерол ва қарордодҳои ин донишгоҳ дар хатари таълиқ қарор хоҳад гирифт.

Linda McMahon, вазири омӯзиши Амрико рӯзи сешанбе дар пайи мухолифати донишгоҳҳои ин кишвар бо сиёсатҳои давлати Доналд Трамп эълом кард, ки бо руасои донишгоҳҳои Каломбия ва Ҳарвард дар мавриди «чигунагии итминон аз риояти қонӯн тавассути онҳо» гуфтугӯ кардааст.

342/

Your Comment

You are replying to: .
captcha