23 Апрел 2025 - 23:41
Source: Parstoday
Тавтеаи ҷадиди Вашингтону Абузабӣ дар Яман чист?

Бо ташдиди ҳамалоти ҳавоии Амрико ба Яман ва замзамаҳои ҳамлаи заминии неруҳои мавриди ҳимояти Иморот ба бандари стратегии Ҳудайда, минтақаи дарёи Сурх дар остонаи буҳроне ҷадид қарор гирифтааст.

Аз понздаҳуми марти соли 2025 ҳамалоти низомии Амрико ба Яман оғоз шудааст. Ин ҳамалот, ки бо ҳадафи тазъифи Ансоруллоҳ ва ҳифозат аз манофеи Вашингтон дар минтақа шуруъ шуда, зерсохтҳои низомӣ ва иқтисодии Яманро ҳадаф қарор дода ва ба талафоти ғайринизомӣ ва буҳрони инсонӣ дар ин кишвар доман задааст.

Рӯзнома «Вол стрит журнал» рӯзи душанбе эълом кард, ки эҳтимоли ҳамлаи заминии неруҳои Шӯрои интиқолии Ҷануби мавриди ҳимояти Иморот ба устонҳои калидие монанди Ҳудайда ва Санъо афзоиш ёфтааст. Ин неруҳо бо пуштибонии ҳавоии “Сентком”-и Амрико, омодаи амалиёте пурхатар барои тасарруфи бандари стратегии Ҳудайда ҳастанд, ки танҳо гузаргоҳи аслии Яман ба дарёи Сурх маҳсуб мешавад.

Дар ин матлаб аз “Порс-Тудей” нигоҳе ба аҳамияти бандари Ҳудайда ва паёмадҳои эҳтимолии ҳамлаи заминӣ ба Яман андохта шудааст.

Ҳудайда - шоҳраги ҳаётии Яман

Бандари Ҳудайда таҳти контроли давлати Наҷоти миллии Яман на танҳо як гузаргоҳи тиҷории ҳаётӣ аст, балки шоҳроҳи аслии вуруди кумакҳои башардӯстона ба ин кишвар маҳсуб мешавад. Муҳосираи Ҳудайда хатари қаҳтиву камбуди доруро барои миллионҳо яманӣ ба ҳамроҳ дораду созмонҳои байналмилалӣ ҳушдор додаанд, ки ин иқдом буҳрони инсониро ташдид хоҳад кард.

Манофеи мутазоди бозигарони минтақаӣ

Иморот бо ҳимоят аз Шӯрои интиқолии Ҷануб, ба дунболи тақвияти нуфузи худ дар дарёи Сурх ва рақобат бо Арабистон аст. Дар муқобил, саудиҳо, ки аз таҷрибаи ҷанги ҳаштсола бо Яман дарс гирифтаанд, тамоюле ба моҷароҷӯии ҷадид надоранд. Ин ихтилофи манофеъ, ҳамкорӣ миёни ду муттаҳиди суннатии Амрикоро печида кардааст.

Паёмадҳои густардаи минтақаӣ

Яман ба далели контроли тангаи Бобуулмандаб, нақше калидӣ дар бозори энержии ҷаҳонӣ дорад. Идомаи даргириҳо метавонад ин гузаргоҳи ҳаётиро мухтал кардаву қимати энержиро афзоиш диҳад. Аз сӯи дигар, муқовимати мардумӣ дар Яман тақвият шудаву ваҳдати дохилӣ алайҳи мудохилоти хориҷӣ афзоиш ёфтааст. Таҳлилгарон ҳушдор медиҳанд, ки бидуни роҳи ҳалли сиёсӣ, ин даргириҳо на танҳо Яманро бесубот мекунад, балки хатари густариши ҷангро ба дунбол дорад.

Нақши Ансоруллоҳ дар меҳвари муқовимат

Набарди “Тӯфонулақсо” нишон дод, ки Ансоруллоҳ муҳраи калидии меҳвари муқовимат дар дарёи Сурх аст. Бо беш аз 350 амалиёт дар ин минтақа, яманиҳо масири киштиҳои тиҷориро тағйир додаву бандари Элот дар Фаластини ишғолиро фалаҷ кардаанд. Ин иқдомот боис шуда Амрико ба сурати мустақим вориди даргирӣ шавад ва ба унвони неруи ниёбатии Исроил, аҳдофи яманиро бомбаборон кунад.

Дар ниҳоят метавон гуфт, ҳамлаи эҳтимолӣ ба Ҳудайда қиморе пурхатар барои Амрико ва Иморот аст, ки метавонад ба ҷанги фарсоишӣ, буҳрони инсонӣ ва танишҳои густардаи минтақаӣ мунҷар шавад.

342/

Your Comment

You are replying to: .
captcha