17 Сентябр 2025 - 23:33
Source: ABNA
Амрико чаҳор гурӯҳи муқовимати Ироқро дар феҳристи созмонҳои террористӣ қарор дод

Вазорати хориҷаи Амрико ба баҳонаи муқобила бо нуфузи Эрон дар минтақа, чаҳор гурӯҳи муқовимати Ироқро дар феҳристи террористии худ қарор дод.

Ба гузориши хабаргузории байналмилалии Аҳлулбайт (а) - АБНА - Вазорати умури хориҷаи Амрико имрӯз чаҳоршанбе эълом кард, чаҳор гурӯҳи муқовимати ироқиро дар чорчӯби талошҳои Вашингтон барои муқобила бо нуфузи эронӣ дар Ховари Миёна ва маҳдуд кардани таҳдиди гурӯҳҳои мусаллаҳи мавриди ҳимояти Теҳрон алайҳи манофеи Амрико дар феҳристи созмонҳои террористӣ қарор додааст.

Бар асоси баёнияи ин вазоратхона, гурӯҳҳои Ҷунбиши Нуҷабо, Катоиби Саййид-ул-шуҳадо, Ҷунбиши Ансоруллоҳул авфиё ва Катоиби Имом Алӣ(а) шомили ин тасмим шудаанд.

Дар баёнияи Вазорати умури хориҷаи Амрико омадааст, ки ин гурӯҳҳо дар иқдомоти террористии таҳдидкунандаи амнияти нерӯҳои амрикоӣ ва шарикони минтақаии он мушорикат дошта ва ба сурати наздик бо Нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони Эрон ҳамкорӣ мекунанд; ниҳоде, ки худ низ дар феҳристи созмонҳои террористии Амрико қарор дорад.

Вазорати хориҷаи Амрико ҳамчунин ёдоварӣ кард, ки дар гузашта гурӯҳҳои монанд аз ҷумла Катоиби Ҳизбуллоҳ (аз соли 2009) ва Асоиби Аҳлулҳақ (аз соли 2020) низ ҳамчун созмонҳои террористӣ муаррифӣ шудаанд; гурӯҳҳое, ки бино бар иддаои Вашингтон аз Эрон ҳимояти молӣ ва низомӣ дарёфт карда ва дар ҳамлаҳои хунин алайҳи нерӯҳои амрикоӣ дар Ироқ даст доштаанд.

Your Comment

You are replying to: .
captcha