21 Апрел 2025 - 22:21
Source: ABNA
Паёми таслияти сафири Эрон дар Ватикан ба муносибати даргузашти Папа Франсиск

Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ватикан, даргузашти пешвои католикҳои ҷаҳонро таслият гуфт.

Ба гузориши хабаргузории байналмилалии Ахли Байт (а) – Абна –, Ҳуҷҷатул-ислом вал-муслимин «Муҳаммад Ҳусайн Мухторӣ», сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ватикан, бо содир кардани паёме, даргузашти Папа Франсиск, пешвои католикҳои ҷаҳонро таслият гуфт.

Вай дар ин паём таъкид кард, ки Папа Франсиск ҳамеша шахсияте илҳомбахш, сулҳпарвар ва дифоъкунандаи арзишҳои инсонӣ ва ахлоқӣ буд.

Матни ин паём ба шарҳи зерин аст:

Бо ниҳоят таассуф ва андӯҳ, даргузашти олиҷаноб Папа Франсиск, пешвои динӣ ва маънавии масеҳиёни католики ҷаҳон, ба давлатмардони Ватикан, ҷомеаи масеҳиён ва пайравони он фақиди бузург, таслият арз менамоям.

Папа Франсиск ҳамеша шахсияте илҳомбахш, сулҳпарвар ва дифоъкунандаи арзишҳои инсонӣ ва ахлоқӣ буд, ки талошҳои эшон дар ҷиҳати тарвиҷи гуфтугӯи байни адён, ҳамбастагии ҷаҳонӣ ва пуштибонии маҳрумон, дар хотираи ҷаҳониён боқӣ хоҳад монд.

Инҷониб ба намояндагӣ аз Ҷумҳурии Исломии Эрон, маротиби ҳамдардии самимонаи худро бо мақомоти Ватикан ва тамоми пайравони Калисои Католик иброз дошта, барои рӯҳи он фақиди саид оромиши абадӣ ва барои бозмондагон ва дӯстдоронаш сабр ва тасаллӣ масъалат дорам.

Муҳаммад Ҳусайн Мухторӣ

342/

Your Comment

You are replying to: .
captcha