22 Декабр 2024 - 18:35
Қатли оми чиҳилҳазор зану кӯдак бо бамб пирӯзӣ нест/ Ҷавонони ғаюри сурӣ саҳюнистҳоро берун мекунанд

Порс тудей - Имом Хоманаӣ субҳи имрӯз (якшанбе) дар хуҷаста солрӯзи мелоди ҳазрати Фотимаи Заҳро (а.с), духти гиромии Паёмбари ислом(с), дар дидори ҳазорон нафар аз маддоҳону шоирони аҳли байт (а) ва қишрҳои мухталифи мардум, ҳазрати Фотима (а.с)-ро улгӯи комили ҳамаи башарият барои «қиём дар роҳи ҳақ, истодагӣ, шуҷоат, сароҳату қувати мантиқу истидлол» хонданд.

Порс тудей - Имом Хоманаӣ субҳи имрӯз (якшанбе) дар хуҷастаи солрӯзи мелоди ҳазрати Фотимаи Заҳро (а.с), духти гиромии Паёмбари ислом(с), дар дидори ҳазорон нафар аз маддоҳону шоирони аҳли байт (а) ва қишрҳои мухталифи мардум, ҳазрати Фотима (а.с)-ро улгӯи комили ҳамаи башарият барои «қиём дар роҳи ҳақ, истодагӣ, шуҷоат, сароҳату қувати мантиқу истидлол» хонданд.ва бо ишора ба талоши душманон барои ҳаросафканӣ, ихтилофафканӣ ва яъсафканӣ дар ҷомеъа, таъкид карданд: Хосияти пайравони шайтон, газофагӯӣ ва дурӯғпардозӣ аст ва чораи он, ҷиҳоди табйин ва баёни ҳақоиқу ироаи мантиқи қобили қабул.

Раҳбари Инқилоби Исломӣ ҳамчунин бо ишора ба муҳаққақ нашудани ҳеҷ як аз аҳдофи режими саҳюнистӣ барои нобуд кардани Ҳамосу Ҳизбуллоҳ, гуфтанд: Миллатҳои шарофатманди минтақа, ба фазли илоҳӣ режими манҳусро решакан мекунанду фардои беҳтарро барои минтақа рақам хоҳанд зад.

Ба гузориши Порс тудей ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии дафтари раҳбари Инқилоби Исломӣ, имом Хоманаӣ бо баёни нукоте дар бораи масоили минтақа, аз ҷумла масаълаи Сурия, афзуданд: Як гуруҳи иғтишошгар бо кумак, нақша ва барномарезии давлатҳои хориҷӣ тавонист аз заъфҳои дарунии Сурия истифода кунад ва ин кишварро ба ҳарҷу марҷ бикашанд.

Эшон бо ишора ба суханони чанде қабли худ мабнӣ бар барномаи дугонаи Амрико барои кишварҳои минтақа, яъне «мусаллат кардани як ҳукӯмати фардии мустабиди созишгар бо султа» ва агар мумкин набуд, «эҷоди иғтишошу ҳарҷу марҷ дар он кишвар», хотирнишон карданд: Барномаи онҳо дар Сурия ба эҷоди иғтишошу ҳарҷу марҷ мунтаҳӣ шуд ва акнӯн Амрико, режими саҳюнистӣ ва ҳамроҳони онҳо бо эҳсоси пирӯзӣ, ҳамчун асҳоби шайтон дучори газофагӯӣ ва ҳарфи муфт задан шудаанд.

Имом Хоманаӣ, суханони як мақоми амрикоиро бо мазмуни пинҳон «кумаку ҳимоят аз ҳар касе, ки дар Эрон иғтишош кунад», намунае аз газофагӯиҳои душманон донистанд ва афзуданд: Аҳмақҳо гуё буи кабоб шунидаанд, аммо миллати Эрон ҳар касе, ки муздурии Амрикоро дар ин замина қабул кунад, зери гомҳои худ лагадмол хоҳад кард.

Эшон дар баёни нуктае дигар нозир ба таҳаввулоти минтақа, бо ишора ба тазоҳури унсури саҳюнӣ ба пирӯзӣ ва раҷазхонӣ ва газофагӯӣ, гуфтанд: Бадбахтҳо, шумо куҷо пирӯз шудид? Оё ин пирӯзӣ аст, ки чиҳилу чанд ҳазор зану кӯдакро бо бамб куштед, аммо натавонистед ҳатто яке аз аҳдофи эъломии худ дар ибтидои ҷангро муҳаққақ кунед? Оё Ҳамосро нобуд ва усарои худро дар Ғазза озод кардед? Оё бо вуҷӯд ба шаҳодат расондани шахсияте азим ҳамчун Сайидҳасан Насруллоҳ, тавонистед Ҳизбуллоҳи Лубнонро аз байн бибаред?

Раҳбари Инқилоби Исломӣ, муқовимат дар минтақа аъам аз Ҳизбуллоҳ, Ҳамос ва Ҷиҳоди исломиро зинда ва боланда хонданду хитоб ба саҳюнистҳо гуфтанд: Бинобар ин, шумо пирӯз нестед, балки шикаст хӯрдаед.

Эшон пешравии саҳюнистҳо дар хоки Сурия ва ишғоли манотиқе аз онро ношӣ аз набуд монеъ ва муқовимат ҳатто як сарбоз дар муқобили онҳо хонданд ва гуфтанд: Ин ҳаракат бидуни монеъ, пирӯзӣ нест, албатта бидуни тардид ҷавонони ғаюру шуҷои сурӣ шуморо аз онҷо берун хоҳанд кард.

Нуктаи сеюм, имом Хоманаӣ дар бораи таҳаввулоти минтақа, нозир ба ҷанги равонӣ ва таблиғотӣ алайҳи Эрон бо иддаои аз даст додани неруҳои ниёбатӣ дар минтақа буд.

Эшон бо таъкид бар инки Ҷумҳурии исломӣ неруи ниёбатӣ надорад, гуфтанд: Яман, Ҳизбуллоҳ, Ҳамос ва Ҷиҳод меҷанганд чун бо имон ҳастанду ақида ва қудрати имон, онҳоро ба майдони муқовимат овардааст, на инки ниёбатӣ аз самти мо дошта бошанд.

Раҳбари Инқилоби Исломӣ бо таъкид бар инки Ҷумҳурии исломӣ агар ҳам рӯзе бихоҳад иқдоме кунад, эҳтиёҷе ба неруи ниёбатӣ надорад, афзуданд: Мардони муъмину шарофатманд дар Яман, Ироқ, Лубнон, Фаластин ва иншоаллоҳ дар ояндаи наздик дар Сурия, дар ҳоли мубориза бо зулму ҷинояту режими манҳусу таҳмилии саҳюнистӣ ҳастанд, Ҷумҳурии исломӣ низ мубориза мекунад ва ба хости Парвардгор ин режимро аз минтақа изула(хориҷ) хоҳем кард.

Эшон ин суханонро на як баёни сиёсӣ, балки ҳақоиқе малмӯсу таҷриба шуда, хонданд ва бо ишора ба сарбаровардани маҷмӯаи қавӣ ва пӯлодину шарофатманди Ҳизбуллоҳ аз дили иғтишошоту ҷангҳои дохилии даҳаи 60 Лубнон хотирнишон карданд: Аз дили он таҳдидҳо ва ноамниҳо, фурсати бузурге ҳамчун Ҳизбуллоҳи Лубнони сар бароварду иттифоқоте ҳамчун шаҳодати бузургони он ҳамчун Саидаббоси Мӯсавӣ низ на танҳо онро заъиф накард, балки қавитар карду имрӯз ва фардои муқовимат низ ҳамингуна хоҳад буд.

Имом Хоманаӣ эҷоди фурсатҳо аз дили таҳдидҳоро дар гарави ҳӯшёрӣ, эҳсоси масъӯлияту амал ба вазоиф донистанд ва бо таъкид бар инки фардои минтақа аз имрӯз он беҳтар хоҳад буд, гуфтанд: Пешбинӣ мекунем, маҷмӯъае қавӣ ва шарофатманд дар Сурия низ сар бароварад, чаро ки имрӯз ҷавонони сурӣ чизе барои аз даст додан надоранду мадриса, донишгоҳ, хона ва хиёбони онҳо ноамн аст, бинобар ин бояд бо қуввати ирода дар муқобили тарроҳону муҷриёни ноамнӣ боистанд ва бар онҳо фоиқ оянд.

Эшон ҳамчунин дар бахши нахусти суханонашон дар табйини шахсияти ҳазрати Заҳро (а.с), афзуданд: Саросари зиндагии он ҳазрат бавижа муддати кӯтоҳи ҳаёташон пас аз риҳлати Паёмбар (с), табйини мустамари ҳақоиқу мабонии муҳками дин буд ва ин, улгӯ ва қуллае аст, ки агарчӣ наметавон ба он расид, аммо бояд мудом ба самти он ҳаракат кард.

Раҳбари Инқилоби Исломӣ дар баёни маъонии ҳадисе аз Паёмбар(с) мабнӣ бар инки «муҳаббату дӯстии ҳазрати Фотима (а.с) сад ҷо ба дарди инсон мехӯрад, ки осонтарини он ҳангоми марг ва дар қабр аст», афзуданд: Маънои осони ин ҳадис, фавоиди бешуморе аст, ки дӯстӣ ва иродат ба ҳазрати Фотима (с.а) ба ҳамроҳ меоварад, аммо маънои сахти ҳадис он аст, ки агар инсон корҳое кунад, ки муҳаббати он ҳазрат ба ӯ ҷалб шавад, сад ҷои фоида ва самараи беназир дорад.

Эшон улгӯ қарор додани хусӯсиёти ҳазрати Фотима (а.с)-ро, роҳи ҷалби муҳаббати он, роҳи ҷалби муҳаббати он шахсияти ягона хонданд ва гуфтанд: Яке аз муҳимтарин ин хусӯсиёт, табйини мустамари ҳақоиқ аст, ки маддоҳӣ дар ҳақиқат идомаи он ҷиҳоди табйин аст.

Эмом Хоманаӣ бо ишора ба ҳадиси дигаре аз Расули Акрам(с), ки «муъмин гоҳе бо ҷон ё шамшер ва гоҳе бо забон ҷиҳод мекунад», гуфтанд: Ҷиҳоди забон гоҳе аҳаммияту таъсираш аз ҷиҳод бо ҷон низ бештар аст.

Эшон маддоҳонро ҷиҳодгарони бо забон донистанд ва афзуданд: Маддоҳӣ як расонаи тамомайёр ва як ҳунари таркибӣ аст, ки абъоди он дар шаклу муҳтаво, лафзу маъно, шеъру оҳангу садо, мудирияти ҷамъияту чеҳра ба чеҳра шудан бо мардум, намуд пайдо мекунад.

Раҳбари Инқилоби Исломт табйини масоили рӯзро ниёзи ҳақиқӣ донистанд ва бо ишора ба барномарезии пинҳону ошкору ҳазина кардани душман барои шубҳаафканӣ ва таҳрифи ҳақоиқ, гуфтанд: Маддоҳон, аз ҷумлаи касоне ҳастанд, ки метавонанд бо «ҷиҳоди табйин, огоҳибахшӣ, умедофаринӣ ва таҳаррукофаринӣ», посухи муносибу муассир ба душман диҳанд.

Имом Хоманаӣ се гонаи «ҳаросафканӣ, ихтилофафканӣ ва яъсофаринӣ»-ро мусалласи аҳдофи зиддиисломӣ - зиддиэронии душман донистанд ва гуфтанд: Ҳила ва кори аслии шайтон, эҷоди тарсу ҳарос аст ва асҳоби адабу шеъру тафаккур бояд бо мантиқи дилнишин, «шуҷоату огоҳӣ ва истодагӣ»-ро ба мардум мунтақил кунанд.

Дар ибтидои ин дидор, 8 нафар аз модҳону шоирони нуқоти мухталифи кишвар, ба мадеҳасароӣ ва зикри фазоъили аҳли байти исмату таҳорат (а) пардохтанд. Ҳамчунин ҳозирон бо сурудхонии дастаҷамъӣ, мақоми ҳазрати Фотима (а.с)-ро арҷ ниҳоданд.