10 Декабр 2024 - 20:11
Нашрияи фаронсавӣ: Сурия ҳамонанди Либия дар ошӯб ғарқу пора-пора хоҳад шуд

Порс-Тудей. Як нашрияи фаронсавӣ бо ёдоварии сарнавишти Либия навишт, ба эҳтимоли зиёд ҳамон сарнавишт дар интизори Сурия аст ва ин вазъият метавонад минтақаро солҳо бо буҳрон мувоҷеҳ кунад.

Нашрияи фаронсавии “Вайрал Маг” дар таҳлиле авзои кунунии Сурияро ба вазъияти кишвари Либия пас аз суқути ҳукумати Муаммар Қаззофӣ ташбеҳ ва хотирнишон кард: Ҳар лаҳза нигаронӣ аз ғарқ шудани Сурия дар ошӯбу чанддастагӣ дар ин кишвар бештару бештар мешавад.

 Ба гузориши “Порс-Тудей”, нашрияи фаронсавии “Вайрал Маг” бо баёни инки ҷангҷуёни хориҷӣ муоризони мусаллаҳ дар Сурияро кумак мекунанд, афзуд: Сурия пас аз суқути Башор Асад, ба сарзамине пора-пора табдил мешаваду муоризон бар сари даромад бо ҳам рақобат хоҳанд кард. Ин вазъият кобуси бузурге аст, ки паёмадҳое, аз ҷумла оворагӣ ва бесуботиву буҳрон барои кишварҳои минтақа дар бар хоҳад дошт.

“Вайрал Маг” дар идома менависад: Дар муқобили ин фурӯпошӣ, зоҳиран ҷомеаи байналмилал нотавон монда ва талошҳои дипломатӣ барои ёфтани роҳкори сиёсӣ дар Сурия бенатиҷа будааст.

Фармондеҳии артиши Сурия бомдоди якшанбе дар баёнияе, суқути давлати Башор Асад, раисиҷумҳури Сурияро эълом кард.

Баёнияи фармондеҳии артиши Сурия пас аз тасарруфи Димишқ - пойтахт, тавассути террористҳо ва гуруҳҳои мусаллаҳ ва низ хабари хуруҷи Башор Асад аз кишвар интишор ёфт.

342/