Ёддошт-Бо шурӯъи оташбас миёни Лубнон ва режими Исроил бисёре аз расонаҳои вобаста ба Исроил ва ҳампаймонони ғарбиаш саъй карданд, то тасвири Тел-Авивро ба унвони пирӯз нишон диҳанд, амре, ки бавежа дар пайи воқеъаҳои Сурия мавриди сарзаниши бисёре қарор гирифтааст. Ба гузориши Порстудей рӯзномаи Рисолат дар матлабе ба қалами Муҳаммадкозими Анборлуӣ ба ин мавзӯъ пардохт ва навишт: Ҳунари Киссенҷер, вазири хориҷаи вақти Амрико дар айёми ҷанги хунини Ветнам ба унвони як стратегияст гуфта буд: «Гурӯҳи чирикӣ агар шикаст нахурад пирӯз аст, аммо артиши классик ва расмӣ агар пирӯз нашавад шикастхӯрдааст.»
Бар асоси ҳамин қоида давлати Амрико аввал оташбас ва сипас сулҳро дар ҷанги Ветнам пазируфт ва ба як моҷараи хунин, ки вориди ҷинояти ҷангӣ, наслкушӣ, куштори ҷамъӣ, қатли оми кӯдакон ва занон дар Ветнам шуда буд, поён дод.
Натанёҳу бар асоси ҳамин қоидаи оташбас бо Ҳизбуллоҳро пазируфт. Тибқи ин қоида Ҳизбуллоҳ пирӯз шуд ва режими саҳюнистӣ шикасти талхеро мутаҳаммил шуд. Режими саҳюнистӣ дар Ғазза ҳамин масирро тай хоҳад кард.
Партоби рӯзона беш аз 200 мушак ва паҳподи Ҳизбуллоҳ ба Ҳайфо ва Тел-Авив ва манотиқи шимолии сарзаминҳои ишғолӣ нишон медод Ҳизбуллоҳ зиндааст, нафс мекашад ва барои моҳҳо ҳам метавонад бо ҳамин зарфият режими саҳюнистиро озор диҳад.Либерман, Лопед ва Гантс дар аввалин вокунишҳо ба масъалаи оташбас, шикасти Исроилро эътироф карданд. Рӯзномаҳои режим ҳам ҳамин эътирофро карданд. Ҳисси пирӯзӣ дар мардуми Лубнон ва фармондеҳон Ҳизбуллоҳ як воқеияти айнӣ аст. Касе наметавонад онро инкор кунад.
Ҳафт далели ошкор вуҷуд дорад, ки Натанёҳу шикастро пазируфт:
1-Мушакборон ва парвози паҳподҳо аз ҷануби Лубнон ҳатто як лаҳза қатъ нашуд.
2-Сокинони шимоли сарзаминҳои ишғолии ҳаммарзи ҷануби Лубнон ба хонаҳо барнагаштнд.
3-Дар музокирот режими натавонист тавофуқи 1701-ро дасткорӣ кунад.
4-Режим дар ҳамлаи заминӣ дар ҷануби Лубнон ба таври физоянда талафот медод.
5-Натанёҳу дар дохил ба шиддат зери фишори опозисиони давлат буд.
6-Муҳосибот дар мавриди талафоти ҷанги пейҷирӣ, бесимҳо ва таъсири террори фармондеҳон ғалат аз об даромад. Ҳизбуллоҳ бо баҳрагирӣ аз системаи «худтаъмирӣ» ба суръат осебҳоро ҷуброн кард.
7-Натанёҳу ба ҳеҷ як аз аҳдофи эъломшуда нарасид.
342/