9 Ноябр 2024 - 20:26
Муовини роҳбурдии раисҷумҳури Эрон: Исроил ва Амрико то озодии комили Фаластин, оромиш нахоҳанд дид

Муовини роҳбурдии раисҷумҳури Эрон бо таъкид бар инки роҳи бузургони муқовимат шикаст надорад, гуфт: Режими саҳюнистӣ ва Амрико бояд бипазиранд то озодии комили Фаластин, оромиш нахоҳанд дид.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммадҷаводи Зариф-муовини роҳбурдии раисҷумҳури Эрон рӯзи шанбе дар ҳамоиши байналмилалии "Мактаби Насруллоҳ" ва гиромидошти чиҳилмин рӯзи даргузашти дабири кулли шаҳиди Ҳизбуллоҳи Лубнон гуфт: Муқовимат дар баробари Исроил қабл аз Инқилоби шукӯҳманди исломии Эрон оғоз шуд ва то озодии комили тамоми сарзаминҳои исломӣ аз чанголи саҳюнистҳо идома хоҳад дошт.

Зариф бо ишора ба инки раҳбари Инқилоби исломӣ роҳи ҳалро дар баробари амрикоиҳо ва ғарбиҳо қарор додааст, афзуд: Иҷоза диҳед ҳама фаластиниён, ҳама сокинони ин минтақа аз яҳудӣ ва мусулмон ва масеҳӣ дар як референдум озодона ояндаи худро таъйин кунанд ва он вақт хоҳед дид, ки чӣ ояндаи сулҳомезе метавонад дар интизори ин минтақа бошад.

 Зариф бо баёни инки поёни апартайд дар Африқои ҷанубӣ мисоли равшанӣ аст, ки бояд такрор шавад, гуфт: Ин паёми хуни Сайидҳасан Насруллоҳ, Қосим Сулаймонӣ, Исмоил Ҳания, Яҳё Синвор ва дигар бузургони муқовимат ва бузургони роҳи ҷиҳод ва шаҳодат аст.

 Ҳамоиши байналмилалии "Мактаби Насруллоҳ"ҳамзамон бо чиҳилмин рӯзи шаҳодати парчамдори муқовимат, шаҳид Сайидҳасан Насруллоҳ бо ҳузури соҳибназарон аз 13 кишвари ҷаҳон дар Теҳрон дар ҳоли баргузорӣ аст.

342/