5 Ноябр 2024 - 18:56
Таъкиди вазирони хориҷаи Эрону Миср бар таваққуфи ҷиноёти режими саҳюнистӣ ва имдодрасонӣ ба Ғазза ва Лубнон

Вазирони умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон ва Миср бар зарурати афзоиши талошҳои байналмилалӣ барои таваққуфи ҷиноёти режими саҳюнистӣ ва барқарории оташбасу ҷилавгирӣ аз афзоиши таниш дар минтақа ва имдодрасонии фаврӣ ба мардуми бепаноҳу овора дар Ғазза ва Лубнон таъкид карданд.

Сайид Аббоси Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар тамоси телефонии Бадр Абдулъоти, вазири хориҷаи Миср, мавозеи Эрон дар хусуси таҳаввулоти минтақа ва ҷиноёту иқдомоти моҷроҷӯёнаи режими мутаҷовизи саҳюнистӣ, ки бо ҳадафи густариши доманаи ҷанг ба кулли минтақа ва барҳам задани сулҳ, субот ва амнияти минтақа анҷом мешавадро ташреҳ ва бар ҳаққи Эрон барои посух ба ҳар гуна таҷовуз ба ҳарими амниятиву сарзаминии худ дар чорчӯби ҳаққи дифои қонунӣ таъкид кард.

Ироқчӣ ҳамчунин зарурати иқдоми фаврӣ ва муассири ҷомеаи ҷаҳонӣ барои мутаваққиф кардани мошини наслкушии ин режим дар Ғаззаву Лубнон ва талоши дастаҷамъии кишварҳои исломӣ дар ин хусусро мавриди таъкид қарор дод.

Тарафайн ҳамчунин дар хусуси идомаи машваратҳову ройзаниҳо байни ду кишвар, дар бораи таҳаввулоти минтақа тавофуқ карданд.

342/