4 Ноябр 2024 - 20:09
Дархости Фаластин аз парлумони Аврупо барои муқобила бо тасмими мамнуъияти фаъолияти "UNRWA"

Саҳоб- Сарвазири Фаластин аз порлумони Аврупо тақозо кард, ки ба манъи фаъолияти Оҷонси кумак ва кор бо паноҳандагони фаластинии Созмони Милали Муттаҳид "UNRWA" мухолифат кунад.

Рузи душанбеи 28 октябр порлумони Исроил "Кнессет" кумакҳои Ожонси кумак ва кор бо паноҳандагони фаластинии Созмони Милал "UNRWA" ба фаластиниёнро мамнуъ кард.

Лоиҳаи дигар низ қабул шуд, ки тибқи он Исроил тамоми равобит ва ҳамкориҳояшро бо "UNRWA" қатъ мекунад.

"UNRWA" муассисаи имдоди Созмони Милали Муттаҳид барои кумак ба паноҳандагони фаластини яке аз бузургтарин созмонҳои имдодрасони дар навори Ғазза аст, ки ҳудуди 13 ҳазор корманди ин ниҳод дар замони ҷанги Ғазза кор мекарданд.

Илова ба тақсими ғизо, "UNRWA" дар навори Ғазза таълим ва хидматҳои тиббии оддиро пешкаш мекунад.

Ба гузориши шабакаи Саҳоб, Муҳаммади Мустафо, сарвазири Фаластин, аз порлумони Аврупо хостааст, бо тасмими режими саҳюнистӣ барои мамнуъ кардани фаъъолиятҳои ожонси имдодрасони ва корёбии Созмони Милал дар умури паноҳҷуёни фаластинӣ "UNRWA" дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин мухолифат кунад.

Ин дархост дар дидори Муҳаммади Мустафо бо ҳайати порлумони Аврупо дар Ромаллоҳ матраҳ шуд.

342/