Лидия Трапп, сенатори мустақил ва бумии иёлати Викторияи Австралия, бо фарёд ва ибрози хашму нафрати шадид бобати истеъморгарии англисҳо дар ҳаққи бумиҳо ва наслкушии онҳо шадидтарин фарёдҳоро нисориподшоҳи Бритониё кард.
Ба гузориши хабаргузории Pars Today, Лидия Трапп ҳангоми суханронӣ дар парлумони Австралия бо хашм ба минбари Чарлз III наздик шуда, ба ӯ дод зад: Инҷо кишвари ту нест.
Подшоҳи Англия ҳамроҳ бо ҳамсараш Малика Камилла пас аз марги модараш Элизабети II рӯзи душанбе дар назди сенаторҳо ва аъзои порлумони Австралия бори аввал ба Австралия рафт, ки бо фарёдҳои хашму ғазаби сенатори бумӣ, рубару шуд.
Ин сенатори австралиягӣ, ки барои ҳимоят аз ҳуқуқи мардуми бумӣ дар Австралия кор мекунад, бо ишора ба ҷиноёт ва наслкушии англисҳо алайҳи бумиҳои Австралия муртакиб шудаанд, гуфт: "Устухонҳо, ҷумҷумаҳо,навзодон ва мардуми моро ба мо пас диҳед."
342/